Нашрияи Омӯзгор

ММТ: тақсимоти асосии довталабон баргузор гардид

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

24-уми июли соли равон натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 эълон шуд.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода, натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”- и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар тақсимоти такрорӣ иштирок карданро доред. Барои ин бояд аз 10-ум то 13-уми августи соли 2020 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузаред,” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Дар идома З. Абдусаломзода зикр намуд, довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5-уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5-уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи марказ гузошта мешавад.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 5-уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надорад.

Н. Охунзода,

«Омӯзгор»

 

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш