Нашрияи Омӯзгор

Сатрҳо аз номаҳо 

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Фарҳанги суханварии муосир ҳамчун соҳаи муҳими ҷомеа марҳилаи сифатан нави муносибатҳоеро ба вуҷуд овард, ки имрӯз дар пешбурди самтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии инсоният ҷойгоҳи намоёнро ишғол карда, самти тараққиёти соҳаҳои зикршударо таъмин менамояд ва то як андоза ифодагари амнияти иҷтимоии кишварҳои олам маҳсуб мешавад. Фарҳанги суханварии муосир дар қолаби қарнҳо коркардаи башар беҳтарин ҷодаи дастрасӣ ба ормонҳои куҳантабори инсоният аст, ки нуқтаи олии ин ҳадаф шинохти рисолати воқеии инсоният ба ҳисоб меравад.

Шамшод Бобоазиззода,

ассистенти кафедраи молия ва қарзи

ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур   

***

Дар Панҷакенти бостонӣ  ҳунарҳои мардумӣ хеле рушд ёфтааст. Аксари занони ин диёри бостон ба ҳунармандӣ машғул шуда, соҳиби обрӯю эътибори умум гардидаанд. Яке аз онҳо собиқадори меҳнат Лӯъбатой Шарофова мебошад. Вай солҳои тӯлонӣ ҳамчун китобдор дар мактаби миёнаи рақами 29 ҳамчун китобдор фаъолият кардааст. Дар баробари ин, ҳунарҳои зиёдеро азбар карда, онро ба фарзандону наберагони худ омӯзондааст, то ки мероси ниёгон фаромӯш нагардад.

Гулрухсор Холбоева,

корманди Осорхонаи таърихию

кишваршиносии  шаҳри Панҷакент

***

Таълиму тарбияи фарзанд дар гузашта низ дар мадди назари ҷомеа, бахусус, мутафаккирону хирадмандон қарор дошт. Тарбияи дуруст ва ба камол расондани фарзанд вазифаи муҳими волидон аст. Танҳо падару модарон метавонанд дар ибтидо намунаи ибрати фарзандон бошанд.  Мутаассифона, на ҳамаи падару модарон масъулияти худро хуб дарк менамоянд. Бархе аз онҳо гумон мекунанд, ки масъалаи таълиму  тарбия танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки ҳаргиз ин тавр нест.

Раъно Муҳиддинова,

омӯзгори мактаби №1,

ноҳияи Зафаробод

***

Тоҷикистон кишварест, ки ҷавонони он бо шоҳроҳи бузурги истиқлолият ба сӯйи қуллаи муваффақиятҳо қадам мегузоранд. Истиқлолият ҳамчун муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамбастагии тамоми ҷавонони кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибатҳои некбинонаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ рушд меёбад.

Мо, ҷавонони Тоҷикистон, бояд нагузорем, ки ҳеҷ як қувваи носолим ва пастию баландиҳои иҷтимоӣ ин ғояи бузург - Истиқлолияти миллии моро халалдор созад. Истиқлолият падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккур ва ақлу хиради солим буда, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва пирӯзии ақл бар ҳаёт мебошад.

Исфандиёр Бадалов,

ассистенти кафедраи

таърих ва ҳуқуқи ДДК

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

***

Илм ва маориф аз муҳимтарин  соҳаҳо ба шумор рафта, дар ташаккули маънавияти мо ҳиссаи арзанда мегузоранд. Болоравии ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллии мо аз ин соҳаҳо сарчашма мегирад. Дар инкишофи маданияти моддӣ ва  маънавии мо нақши ҳунарҳои мардумӣ хеле калон аст. Ҳунару ҳунармандӣ дар миёни мардуми  тоҷик рушд карда, манзалати худро нигоҳ дошта, инъикоскунандаи ояндаи дурахшони мо гардидааст.

Бобоҷон Раҳимов,

муовини декани факултаи театр, кино ва телевизиони

ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

***

Агар инсон ба табиат, сарватҳои он барои хушҳолию оромӣ ва зиндагии пурфайзу баракат ниёз дошта бошад, пас, табиат низ чун омили бузурги ҳастии ҳаёт ба нигоҳубин ва дастгирии мо – инсонҳо ниёзманд аст.

Мутаассифона, баъзан дар ҳаёт бо ашхосе рӯ ба рӯ мегардем, ки нисбат ба ин неъматҳои бузурги табиат беэътиноӣ ва  беэҳтиромӣ зоҳир менамоянд. Оби дарёву ҷӯй, чашмаҳоро ифлос мекунанд, гулу буттаву дарахтонро шикаставу поймолу решакан мекунанд, ҳавои тозаи атрофро бо дуди ғализи ҳар гуна сӯзишвориҳо заҳролуд месозанд. Насли ҳайвоноту парандаҳои нодирро аз байн мебаранд, барои манфиати шахсӣ эҳтироми арзишҳои миллиро зери по мегузоранд…

Н. Юсуфова,

сармутахассиси шуъбаи илм ва

инноватсияи коллеҷи техники  ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

***

Ободии Ватан аз ободонии ҳар як хонадон сар мешавад. Бемуҳобо, оила барои ҳар як шахс макони муқаддас ҳисоб ёфта, оғози умри мо аз пайроҳаи он маншаъ мегирад. Дабистони нахустини инсон домони поки модар ва паноҳаш аз ҳама тарсу ваҳм сутуни қомати падар аст. Мо дар кӯдакӣ зери боли гарми модару навозишҳои ширини падарон ба воя расида, дар рафти зиндагонӣ  чизеро мебинему мушоҳида мекунем, барои фардои дурахшони хеш нигоҳ медорем. Барои ҳамин ҳам, анъанаҳои наҷиби оиладории тоҷикӣ ҳифз шудаю то ба мо расидаанд.

Ёсуман Турсунова,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №76, ноҳияи Фирдавсӣ

***

Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим аст. Даме ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накуяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ  намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Муаллим аз қадрношисӣ  ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қувваи худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. 

Бунёд Додобоев,

омӯзгори мактаби раками 12,

ноҳияи Деваштич

***

Дар фазои хонадон  меваи умри инсонӣ – фарзанд тарбият меёбаду ба камол мерасад. Аз ин рӯ, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст. Дар хонавода тарбияи кӯдакон бояд аз рӯйи меъёри муайяни тарбия дуруст ва бо мулоҳиза анҷом дода шавад ва такмили он дар муассисаҳои таълимӣ сурат бигирад, то ки пешрафти ахлоқиву заковати фикрии фарзандон таъмин гардад.

Гулчеҳра Ҳафизова,

омӯзгори мактаби №46,

ноҳияи Сино

 

«ОМӮЗГОР» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш