Нашрияи Омӯзгор

Одоби мо меросист

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Басти якуми дарсҳо ба охир расиду ман ҷониби хона раҳсипор гаштам. Дар истгоҳи автобуси мусофиркаш ҳамроҳи мардум мунтазири автобус шудам. Ниҳоят, автобус ҳам расида омад. Мусофирон аз дари пеш бетартибона вориди он мешуданд. Ҳар яке кӯшиши аз дигарон пеш гузаштанро мекард. Ман низ оромона вориди он шудам. Автобус ниҳоят серодам буд. Ҷавоне, ки ҳамроҳи марди солхӯрдае менишаст, зуд аз ҷояш хеста, маро ба нишастан таклиф намуд. Ман ба ӯ «раҳмат» гуфта, ба ҷояш нишастам.

Дар истгоҳи навбатӣ марди мӯйсафеде, ки зоҳиран солаш наздик ба ҳафтод ва баробари ман менамуд, вориди автобус шуд. Боз ҳамон ҷавон аз ҷойи худ хеста, ба ӯ ҷой дод. Мард хомӯшона гузашта нишаст ва  ҳарфе нагуфт. Ман мунтазир будам, ки ӯ низ ба ҷавон миннатдорӣ мекунад, аммо ин тавр нашуд. Ман тоқат накарда, ба вай рӯ овардам.

– Худоро шукр, ки ҷавонони мо анъанаи неки ниёгонамонро давом дода, ба мӯйсафедон ҷой медиҳанд!

– Мо аз дигарон – бегонагон ёд гирифтем, - посух дод он мард.

Ман аз ҷавоби он марди ношинос дар ҳайрат афтодам. Бадоҳатан ба саволу ҷавоб гузаштам.

–  Мебахшед, дӯсти азиз, ман шуморо нафаҳмидам. Магар мо худамон ҳамин қобилиятро надорем? Фаҳму фаросатамон ҳамин чизи одиро намегирад? Магар сайёҳони хориҷӣ аз одоб ва фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба ваҷд наомадаанд? Ба фикри шумо, ба ҷавонони миллати сарбаланди мо кӣ ёд дод? Ҷавонони мо мероси гузаштаи ниёгонамонро омӯхта, боз ҳам ғанитар мекунанд, давом медиҳанд!

То истгоҳи навбатӣ он мард хомӯш монд. Дари мобайнии автобус кушода шуд ва марди ношинос бо сари хам ба берун баромад.

Толеъмурод Бобокалонов,

омӯзгор, Аълочии маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш