Боре бо дархости устод Айнӣ олимони адабиётшинос ва шарқшинос ба ковишҳои адабӣ машғул шуда, тавонистанд, ки мероси адабии чандин суханвари номаълумро дастрас намуда, ба чоп расонанд ва пешкаши дӯстдорони адабиёт гардонанд.
Яке аз чунин шоирон, ки то ибтидои асри XXI номаълум буд, Мазмуни Зарободӣ ба шумор меравад.
Соли 1997 адабиётшинос Абду-раҳмони Абдуманнон ба олими пуркор, донишманди пурмаҳсул Алии Муҳаммадии Хуросонӣ девони қадимие дода, хоҳиш менамояд, ки онро аз назар гузаронад, ки онро ба ӯ зодаи деҳаи Заробод, (сокини Душанбе) Абдухалоиқ Ниёзӣ додааст. Баъди чанде адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ маълум менамояд, ки девон моли шоир Маҳзуни Зарободӣ аст ва бо сабаби дар аввалу байн ва охир афтидани саҳифаҳо ноқис аст. Ҳамчунин, варақҳо дарида, баъзеяшон ба ҳам часпидаанд.
Олими пуркор бо Абдухалоиқ Ниёзӣ (зодаи деҳаи Зарободи Айнӣ) бо нияти ёфтани нусхаи дуюми девон ба ин макон сафар менамояд. Соли 1999, хушбахтона, нусхаи дуюми девон дар дасти яке аз пайвандони шоир Муллоюсуф Назаров пайдо мегардад, ки нисбат ба нусхаи якум пурратару хубтар ва комилтар буд. Аз рӯйи гуфтаи мӯйсафедони деҳа девонро Муллодӯст ном шахси фарҳангдӯсту адабпарвар аз деҳаи Ревад тадвину нусхабардорӣ кардааст.
Муллоюсуф Мазмуни Зарободӣ мувофиқи нақлу ривоятҳо соли 1744 -и мелодӣ дар деҳаи Заробод Фалғар чашм ба олам кушода, то охири умр дар ҳамин ҷо зиста, ҳоло оромгоҳаш дар қабристони деҳа мавҷуд аст. Ӯ дар хонадони Пирмуҳаммад ном шахс, ки аслан зодаи водии Фарғона буда, баъдтар бо сабабе ба ин деҳа омада муқимӣ гаштааст, таваллуд ёфтаву ба камол расидааст. Саводи ибтидоиро дар деҳа мегирад. Баъдтар муддате дар Самарқанду Хуқанд илму донишро аз худ намуда, ба зодгоҳаш бармегардад. Баъдтар домоди мири Мастчоҳ – Муллонадирбоқӣ мешавад. Баъди хонадор шудан Мазмун соҳиби писароне бо номҳои Боронбой, Муллоашӯр ва Муллоисмоил мегардад.
Суханвари зарободӣ бо номи Муллоёқуб додаре дошта, ки ӯ ҳам соҳибдевон буда, бо тахаллуси Фикрӣ шеър мегуфтааст ва муддате дар Самарқанд таҳсили илм низ кардааст. Дар муқоваи нусхаи аввали девони Мазмун соли вафоти ӯро 1815 нишон додаанд. Ва маълум мешавад, ки ӯ 71 сол умр дидааст. Падари Мазмун муҳандиси обрасон буда, шоир ин касбро низ аз падар омӯхта будааст ва аз рӯи гуфтаи сокинони деҳа ҷӯйи калони имрӯзаи деҳа бо сарварию ҳамкории бевоситаи Мазмун кашида шудааст. Ҳамин тариқ, бо саъю кӯшиш ва эҳтимоми Алии Муҳаммадии Хуросонӣ соли 2002 нашриёти «Сурушан» девони Мазмуни Зарободиро ба нашр расонида, дастраси ҳаводорони каломи мавзун гардонид, ки ин иқдоми олими фарҳехта шоистаи таҳсин аст.
Мавзӯъҳои дар девони шоир омада иборат аз ишқу ошиқӣ, сӯзу гудози ошиқ, номеҳрубониҳои маҳбуба, афкори фалсафӣ, тасаввуфӣ, ирфонӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мебошад. Мазмуни Зарободӣ аз эҷодиёти бузургони адабиёти форсу тоҷик огоҳӣ дошта, ба онҳо, алалхусус, ба Ҳофиз пайравӣ кардааст, ки онро ҳангоми мутолиаи девон ба хубӣ ҳис мекунем. Дар навбати худ Мазмун бо эҷодиёти худ ба шоирони оянда низ таъсири худро гузоштааст. Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки ӯ низ зодаи ҳамин диёри файзбор буд, ҳангоми сафарҳояш ба Самарқанду Бухоро меҳмони зерободиён мегардид ва табиист, ки дар маҳфилҳои адабӣ аз Мазмун ва шеъри ӯ ёд мешуд ва Туғрал аз офаридаҳои килки шоир огоҳӣ доштааст. Ба вазну қофияҳои чанд ғазали Мазмуни Туғрал низ ҷавобия гуфтааст. Мазмун ғазалро сода ва самимӣ мегӯяд, ки ин монанд аст ба рӯди софу поке, ки оғози дарёҳои азим ва пурталотуми шеъри форсии тоҷикӣ аст. Дар ашъори Мазмуни Зарободӣ ҳамчун шоири маҳаллӣ амаҳдудиятҳои фикриву ақидавии замонааш ба назар мерасад, дар баъзе байтҳои девон сактаҳои вазну маънӣ низ дучор меояд, ки ин кори ояндаи аҳли адаб аст, то ба ашъори шоир холисона баҳо додаву қазоват намоянд.
Ҳасан Алимзода,
сокини ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр