Китоби муҳаққиқон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ, номзадҳои илми филологӣ Абдулмуъмин Қутбиддинов, Меҳроб Ҷумъаев ва ходими калони илмии ПИТФИ Қадриддин Исоев бо номи «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» ба нашр расид.
Матбуоти маҳаллӣ ҷузъи таркибии матбуоти асосии кишвар буда, барои тарғиби фарҳанги бумӣ ва инъикоси воқеоти маҳал хизмати арзанда менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон таъсиси матбуоти маҳаллӣ аз солҳои сиюми асри гузашта оғоз ёфта, таърихи беш аз 85-сола дорад. Ба таъкиди муҳаққиқони китоби мазкур, аввалин нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон «Ҳақиқати Суғд» будааст, ки 25 марти соли 1930 бо номи «Роҳи колхозчӣ» таъсис ёфтааст. Баъдан нашрияҳои «Қизил нишон» (7 ноябри соли 1930, ноҳияи Нов, ҳоло Спитамен), «Садои Конибодом» (26 феврали соли 1931 бо номи «Болшевики Конибодом»), «Насими Исфара» (24 апрели соли 1932 бо номи «Коммунисти Исфара»), «Зарафшон» (моҳи майи соли 1932 таҳти унвони «Коммунисти Зарафшон») ва ғайра пайи ҳам таъсис ёфтаанд. Ҳамин тавр, то охири даҳсолаи 1930 дар аксари шаҳру навоҳии кишвар нашрияҳои даврӣ созмон дода шуданд. Муҳаққиқон бо такя ба пажӯҳиши анҷомдодаи хеш вижагиҳои матбуоти маҳаллиро низ муайян намудаанд. Тибқи таҳлили муаллифони китоби «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон», тамоми матбуоти даврӣ, аз ҷумла, нашрияҳои маҳаллӣ дар заминаи қарору дастурҳои ҳизбӣ шакл гирифта, фаъолияти худро идома додаанд. Бештари нашрияҳои маҳаллӣ аз ҷиҳати шакл ва формати чоп ба ҳам шабоҳат доранд. Ба истистнои нашрияҳои вилоятӣ, аксари онҳо дар формати А 3 ба табъ расидаанд ва ин формат имрӯз низ роиҷ аст. Ҳамчунин, муаллифони китоб мақсад ва вазифаҳои нашрияҳои маҳаллӣ, мундариҷаи нашрияҳои маҳаллӣ, тағйирпазирии номи нашрияҳо, вазъи сиёсӣ ва буҳрони молии нашрияҳои маҳаллиро дар замони Шуравӣ ва истиқлолият нишон додаанд.
Ба таъкиди пажӯҳишга-рон, дар замони истиқлолият чопи шумораҳои муштарак барои ағлаби нашрияҳои маҳаллӣ хос шудааст. Аксари нашрияҳои маҳаллӣ кӯшиш менамоянд, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармонҳо, амрҳо, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳияашонро тарғибу ташвиқ намоянд.Тӯли солҳои охир теъдоди чопи аксари нашрияҳои маҳаллӣ рӯ ба коҳиш овардааст, ки ба ин ҳолат омилҳои молӣ, техникӣ ва касбӣ боис шудааст.
Бояд қайд кард, ки китоби «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» аввалин қадами устуворест, ҷиҳати шинохти нашрияҳои маҳаллии ҷумҳурӣ. Доир ба матбуоти маҳаллӣ то ин дам баъзе маълумотномаҳо ба нашр расидаанд, ки «Таърихи матбуоти форсӣ-тоҷикӣ» (китоби 2, Душанбе, 2012; муаллиф Қаҳҳор Расулиён) ва «Фарҳанги рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои Тоҷикистон» (Душанбе, 1999, гирдоваранда Даврон Ашӯров) аз ин қабиланд. Инчунин, дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» низ дар бораи баъзе нашрияҳои маҳаллӣ маълумот зикр шудааст. Аммо дар китобҳои мазкур махсусиятҳои нашрияҳои маҳаллӣ ба таври васеъ ва фарох пажӯҳиш нашудаанд.
Зимни суҳбат яке аз муаллифони китоби «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон», профессор Мурод Муродӣ иброз дошт, ки дар таҳияи ин маълумотнома мо чанд ҷиҳатро ба сифати омили дастурӣ қарор додем, ки заминаҳои таъсиси нашрияҳо, тағйири ном кардани онҳо, марҳалаҳои инкишоф, фосила ва теъдоди чоп, шаклу ороиш, муҳаррирон, кормандони собиқадор, вазъ ва ҳолати имрӯза аз ҷумлаи он аст.
Аз мутолиаи донишномаи мазкур бармеояд, ки муҳаққиқон бо такя ба ин меъёр таърихи пайдоиш ва инкишофи нашрияҳоро бо зикри факту далел нишон дода, бо бархе аз муҳаррирон ва собиқадорони нашрияҳо суҳбат намудаанд.
Дар китоби «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» перомони 88 нашрияи маҳаллии ҷумҳурӣ маълумот гирдоварӣ шудааст.
Муҳаққиқон дар баробари нишон додани пешравиҳо ва нақши нашрияҳои соҳавӣ ба рушду инкишофи ҷомеа ба проблемаҳои ҷойдоштаи нашрияҳо дахл намуда, иброз доштаанд, ки таҳқиқи маҳдуди нашрияҳои маҳаллии замони имрӯз дар маҷмӯъ, барои мо дар масъалаи проблемаҳои матбуоти маҳаллӣ дари олами андешаҳову хулосаҳои гуногунро боз менамояд. Маълум аст, ки қиматии коғаз, буҷаи ками рӯзнома, дастгирии нокифояи ҳокимиятҳои маҳаллӣ, аудиторияи нофаъол ва монанди инҳо омилҳои маълум дар масъалаи мушкилоти нашрияҳои маҳаллӣ боқӣ мондаанд. Ҳамчунин, барои ҷоннок гардидани нашрияҳо муаллифони китоб андешаҳои ҷолиб ва омӯзандаро пешниҳод кардаанд, ки ба гумони мо, истифодаи онҳо ба рушди матбуоти маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
- Барои беҳтар гардидани вазъи ояндаи рӯзномаҳои маҳаллӣ ва мақому манзалати онҳо фосилаи муайяни вақт метавонад нақши муҳим дошта бошад, зеро феълан матбуоти маҳаллӣ дар қиёс бо матбуоти марказӣ ба дараҷаи такомул нарасидааст. Дар шароити шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ва вусъат пайдо кардани ҷомеаи иттилоотӣ матбуоти маҳаллӣ метавонад дар муқобили ҷараёнҳои номатлуб нақши бештар дошта бошад. Аз ин рӯ, бояд маводи рӯзнома ҳамеша вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, неруи илмию фарҳангӣ ва сиёсии маҳалро ифода карда тавонад. Дар бознашри мавзӯоти умумиҷумҳурӣ бояд алоқамандии онҳо бо рӯҳияи минтақа ба назар гирифта шавад. Агар бо дарёфти роҳу воситаҳо сомонаи рӯзномаҳо фаъол гарданд ва шумораҳои тозанашр оҷилан дар сомонаҳо ба тариқи хулоса ҷо дода шаванд, як омили рақобат барои рӯзномаҳо пайдо гашта метавонад, - иброз дошт яке аз муаллифони китоби «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон», профессор Мурод Муродӣ.
Дарвоқеъ, пажӯҳандагон барои дарёфти маълумот ва таҳлилу баррасии нашрияҳои маҳаллӣ заҳмати зиёд кашидаанд ва як донишномаи мукаммал оид ба матбуоти маҳаллии ҷумҳуриро тартиб додаанд, ки арзиши баланди илмию энсиклопедиро доро мебошад. Китоби «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» барои донишҷӯёну унвонҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ, кормандони эҷодии ВАО, омӯзгорон ва пажӯҳишгарони соҳаи журналистика дастури арзишманд мебошад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр