Нашрияи Омӯзгор

Иродатманду маърифатоин

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Инсони наҷибу устоди соҳибхирад Мирзобоқӣ Шарифов зодаи деҳаи зебоманзари Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ ва дастпарвари ДДОТ ба номи С. Айнӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатии худро ӯ аз вазифаи омӯзгор шурӯъ намуда, баъдан ба ҳайси ҷонишини  директор ва директори мактаб кор кардааст. Соли 1974 ин омӯзгори варзидаро ба пойтахт ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (кафедраи фалсафа) даъват карданд.

Ин ҷо ӯ ба ҳайси устоди кафедраи фалсафа, котиби кумитаи комсомолӣ ва  котиби кумитаи ҳизбӣ фаъолият намуд. 

Солҳои 1984-1989 дар аспирантураи назди кафедраи фалсафаи ДМТ таҳсил карда, дар мавзӯи “Консепсияи тарбияи ҳуқуқӣ” монография навиштааст.

Қобилияти хуби илмию омӯзгории дотсент М.Шарифовро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ӯро ба вазифаи муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов таъйин намуд. Усули дурусти роҳбарӣ ва маҳорати хуби кордонӣ ба устод  имкон доданд, ки дар донишкада навгониҳои зиёдеро бо ҳадафи такмили раванди таълиму тарбия роҳандозӣ бисозад.

Меҳнати ҳалол, иродатмандӣ, дониши мукаммалу мақоми фаъоли ҷамъиятӣ ва муносибати воқеию холисона бо кулли ҳамкорон ба Мирзобоқӣ Шарифов имкон доданд, ки муддати тӯлонӣ дар ДТҶТ дар вазифаҳои масъулиятнок фаъолият намуда, соҳиби обрӯю эътибори баланд гардад.

Ин устоди номвар дар баробари таълиму тарбияи шогирдон ба таҳияи китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ машғул мегардад ва муаллифи китобҳои дарсии “Асосҳои фалсафа”, “Фалсафа”, “Педагогикаи умумӣ”, “Фалсафаи варзиш”, “Психологияи варзиш”, “Асосҳои ҳуқуқи тарбияи ҷисмонӣ”, “Қомуси диёри файзбор”, “Стандарти мактаби ибтидоӣ”, “Варзиш-гарави саломатӣ”, чанде аз барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ мебошад.

Ба қалами ӯ беш аз 100 асару мақола ва китоби пурмуҳтаво тааллуқ доранд.

Ду монографияи устод таҳти унвони “Консепсияи тарбияи ҳуқуқӣ” ва “Тарбияи тарзи ҳаёти солими хонандагон” дар сатҳи баланди илмӣ навишта шудааст. Устод бо маърӯзаҳои илмӣ ҳамасола дар ҳамоишу конфронсҳои сатҳҳои гуногун баромад мекунанд.

Мирзобоқӣ Шарифов инсони заминию хоксор, падари меҳрубон ва бобои дилсӯзу ғамхор аст. Ҳамеша ба ғаму шодии атрофиён шарик асту дили бекина дорад, одоби муошираташ дар сатҳи баланд аст. Ифтихорманд аст, ки ҳамаи фарзандонаш дорои маълумоти олӣ ва байни дӯстону ҳамкорон соҳибэҳтироманд.

Устод дар тарбия ва камолоти мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ саҳми бориз дошта, марди сухану қавл аст ва дар зиндагӣ шиораш ин фармудаи олии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомист:

Рост рав, рост нигар, рост гузин,

Рост гӯ, рост бишав, рост нишин!

Барои хизматҳои шоистааш дар тарбияи мутахассисон ба нишони Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои  мақомоти гуногуни расмии кишвар қадрдонӣ шудааст.

Ҳоло синни устод Мирзобоқӣ Шарифов аз 70 гузаштааст ва ӯ худро хушбахт меҳисобад, ки ним асри ҳаёти пурбаракаташро садоқатмандона ба соҳаи маориф ва ба хизмати халқу Ватани маҳбуб бахшидааст.

Имрӯз шогирдони сершумори устод дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолият доранд ва бо устоди худ ифтихорманданд.

Устод ҳаётро ба ҳама шебу фарозаш, бо ҳама шириниву талхиҳояш дӯст медорад. Дар ҳама маврид, меҳрубону самимию  ғамхор аст ва ҳамеша чеҳраи кушоду табассуми зебанда дорад.

Зиндагӣ ва фаъолияти доманадори устод Мирзобоқӣ Шарифов намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.

 

Н. Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш