Нашрияи Омӯзгор

Шаст соли босаодати оиладорӣ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Ҳамсоя ҳастем, чандин сари сол. Не, ба гумонам, ки пасу пеш дар як деҳа ба дунё омадем, пушт ба пушт, авлод ба авлод ҳамдигарро мешиносем. Аз шодию ғам ва бешу ками ҳамдигар  огоҳему паҳлу ба паҳлуи ҳамем… Бале, ҳамсояем, беш аз сӣ сол боз ва ҳолдони ҳамдигар.

Ин ҷо сухан дар бораи оилае меравад, ки ду ҳамсари меҳрубон собиқаи содиқонаи шастсолаи ҳамхонагӣ доранд. Инҳо хатмкардагони факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар аввали солҳои шасти қарни гузашта доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хуррам Раҳимзода ва завҷаи меҳрубонаш - Латофатбону Яқубова мебошанд. Дар давоми таҳсил Хуррам Раҳимзода тахассуси суханшиносиро ба худ пеша намуду Латофат Яқубова аз дунболи таърихи пурасрор рафт. Ба ҳам омадан  ва сипас ҳамхона шуданашон бошад, дар як шаби хурсандӣ, тӯйи як дӯсташон, соли 1959 ба вуқӯъ пайваста буд. Базм тафсон ва  ҳама шоду хандон. Аҳли маъракаи шодӣ ба хушии маъракадорон хушӣ зам намуда, суханронӣ  мекарданду месуруданду мерақсиданд. Хуррам Раҳимзода, ки аз овони кӯдакию ҷавонӣ ба ҳунару ҳунармандӣ завқ дошту асбобҳои мусиқиро истифода мекард, ба ҳунари машшоқони ин базм ҳамоҳанг гардида, бо рақси мардона метафсонд. Латофатбону ҳам чун дугонаҳояш ноаён ба рақс баромаду худро ба ҳамтақдири зиндагии ояндааш наздик гирифт. Нигоҳҳо ба ҳам печиданду дилҳо ба ҳам роҳ кушоданд…

Баъди ба анҷом расидани тӯй Хуррам Раҳимзода  Латофатбонуро  то хобгоҳ, албатта, ҳамроҳи дугонаҳояш, гусел намуду дар вуҷудаш нисбат ба ин духтараки зебову назаррабо як чароғаке пайдо шуд ва ҳатто баъди гусел, дар бозгашт баъзе торикиҳои кӯчаҳои дар он замон бечароғи пойтахт- Сталинободро, то ба ҷойи истиқомат расидан, ба пиндораш равшаноӣ мебахшид. Ин чароғак чароғаки ишқ буд… Вале дар ҷодаи ишқ доноён дониста қадам мегузоранд, - аз дил гузаронд Хуррам Раҳимзодаи суханшинос. Ҳамин аст, ки дар тӯли як сол ҳамдигарро омӯхтаву санҷида, ниҳоят бо розигии волидайн ва азизону наздикон, ба қарор омаданд, ки муносиби ҳамдигаранд. Тӯйи хонадоршавӣ ороста шуд ва дилдодагон соли 1960 оила бунёд намуданду инак, аз он лаҳзаи издивоҷ то  кунун 60 сол сипарӣ шудааст.  Ин ба гуфтан осон аст, вале ин роҳи тӯлонӣ чӣ пастию баландиҳо дошт, Хуррам Раҳимзодаву Латофатбону Яқубова медонанд. Гумони нек дорам, ки дар ин муддат онҳо бештар зиндагонии саодатмандонаро  сипарӣ  намудаанд…

Хуррам Раҳимзода соли 1961 донишгоҳро хатм намуда, аввал дар макотиби ноҳияҳои Рӯдакӣ, Колхозобод (ҳоло Ҷалолуддини Балхӣ) ва ғайра ба вазифаҳои омӯзгор, муовини директор оид ба таълим ва муддате директори мактаб фаъолият менамояд. Заҳамоти  назаррасаш боис мегардад, ки ӯро ба Кумитаи марказии кор бо ҷавонон даъват намоянд. Замоне дар ҷамъияти «Дониш»-и кишвар низ кор кардааст. Агар ин ду-се ҳарфро ба таври умумӣ ҷамъбаст намоем, фаъолияти кори ӯ пайваста бо кори тарбияи наврасону ҷавонон вобастагӣ дошту дорад. Ӯ минбаъд ба фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ гузашт. Дар ин роҳ, ҳаройина, диққати ӯро мушкилоти таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонони ба камол расида, ташвиқи анъанаи таълиму тарбия, барпо намудану маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандон дар хонавода ба худ ҷалб намуда буданд. Нахустин мақолаю дастурҳои ӯ дар ин самт гӯёи андеша мебошанд.

То ба ҷодаи илм қадам гузоштани Хуррам Раҳимзода ӯ бо ҳамсараш Латофатбону Яқубова паҳлу ба паҳлу фаъолият мекарданд ва боз дар корҳои рӯзгор, тарбияи ду фарзанди дӯстрӯ-Хуршед ва Умедҷон мададгори ҳам буданд. Саодати ҳамхонагии онҳо дар он буд, ки бо ишорае ҳамдигарро мефаҳмиданд ва аз пайи иҷрои он мешуданд. Акнун бошад, баробари ба ҷодаи илм қадам гузоштани Хуррам Раҳимзода заҳматаш бештару масъулияташ зиёдтар гашта бошад ҳам, боз аз дунболи кор мешуд. Ӯ дар гузаронидани баъзе таҷрибаҳои педагогӣ, барои беҳтар шудани андешаҳои илмиаш бо ҳамсари меҳрубон маслиҳату машварат мекард. Боре аз Хуррам Раҳимзода шунида будам, ки беш аз панҷоҳ фисади дастовардҳои илмиаш дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон бо машваратҳои  Латофатбону Яқубова амалӣ гардидаанд. Ҳосили ин ҳама беш аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва зиёда аз 15 китобу рисолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва дастурҳои методӣ мебошанд. Дар дифоъ намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Анъанаҳои халқи тоҷик ва мақоми онҳо дар омода намудани талабагони синфҳои боло ба ҳаёти оилавӣ» (1990) ва рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Таърихи институтҳои тарбиявӣ дар омода намудани ҷавонон ба оиладоршавӣ» (2002) ба Хуррам Раҳимзода ёрии  муаллима калон аст, зеро оилаи солим ва ҳаёти солим, дар тамоми соҳа, натиҷаҳои хубро ба даст меоварад.

Дар давоми шаст  соли ҳамхонагӣ муаллима Латофатбону Яқубова дар баробари омӯзгорӣ ду писари дӯстрӯро тарбия намудаву ба камол расониду устод Раҳимзода бар паҳлуи ӯ, вобаста ба мавзӯи мадди назар, китобу рисолаҳои «Одоби оиладорӣ», «Маърифати оиладорӣ», «Бунёди оилаи солим», «Танзим-бахту  саодати оила», «Тарбияи ҳаёти солим», «Маҳоратҳои заношӯйӣ» (Эрон:Теҳрон) «Оила ва ҷомеа» ва ғайраро навишта бар манфиати ҷомеа равона кард, ки дар онҳо пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ ва рӯҳи ватанпарастӣ тараннум гардидааст. Имрӯз ҳам фарзандон ва ҳам теъдоди китобҳою мақолаҳои ёдшуда дар хидмати ҷомеаанду эшон дар байни ҷамъият аз кардаҳои самаровари  худ меболанд. Ҳамин бунёди оилаи солим, нигаҳ доштани одоби оиладорӣ, тарбияи ҳаёти  солим буд, ки баъди ба ҳаёти мустақил баромадан  Хуррам Раҳимзода ва Латофатбону Яқубова роҳи рости зиндагиро ихтиёр намуданд, ҳамдигарфаҳмиро асосу пояю мояи зиндагии худ қарор доданд ва зина ба зина ба муроди дил расиданду дар саҳнаи зиндагӣ шодобанд. Имрӯз фарзандону келинҳо ва 8 набераи дӯстрӯяк бошанд, аз дунболи волидайни соҳибмаърифат дарси ҳаёти солим меомӯзанд.

Барои устод Хуррам Раҳимзода ва муаллима Латофатбону Яқубова 60  - соли босаодати хонадориро сидқан табрик мегӯем.

 

Алии  Муҳаммадии  Хуросонӣ,

адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш