Нашрияи Омӯзгор

Султон Маҳмуд - чеҳраи сиёҳи таърих

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Дар яке аз шумораҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» мақолаи омӯзгор Қиёмиддин Идиев «Султон Маҳмуд кӣ буд?»-ро мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки андешаҳоямро  пешкаши хонандагони ҳафтанома намоям.

Дар таърих бисёр амирону подшоҳон, императорону сиёсатмадороне гузаштанд, ки ҳар яки онҳо ба сиёсати адолатпарварона ва ё иртиҷоии худ машҳур гардида, номи худро боқӣ гузоштаанд.

Шоҳаншоҳи Ҳахома-нишиён Куруши Кабир (559-530, пеш аз милод) ва шоҳи Сосониён Анӯшервони Одил (531-579 милодӣ) аз ҷумлаи шоҳони адолатпарвару раиятпарвар маҳсуб меёбанд.

Агар мо саҳифаҳои таърихи инсониятро варақгардон намоем, огаҳӣ пайдо мекунем, ки тавассути сиёсати истилогарона, ғоратгарона ва иртиҷоии бисёр амирону подшоҳон миллионҳо нафар одами бегуноҳ қурбон шуда, ҳазорон шаҳру деҳа ба харобазор табдил ёфтаанд ва ҳазорон ганҷинаи фарҳангии халқу миллатҳои гуногун нобуд гардидаанд.

Яке аз чунин чеҳраҳои манфур ва сиёҳи таърих Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд. Ӯ аз авлоди ғуломони турк Алптегину Сабуктегин, ки баъдтар ба  мартабаи сипаҳсолорӣ (сарфармондеҳи лашкар) расиданд, мебошад. Ҳанӯз дар замони амири Сомониён Нӯҳи II Султон Маҳмуд баъди вафоти падараш Сабуктегин ҳокими Хуросон буд. Вале ӯ хиёнат карда, ба муқобили давлати Сомониён ҳуҷум мекунад.

Қариб ҳамаи давраи салтанати Султон Маҳмуд (998-1030) дар ҷангҳои ғоратгарона мегузашт. Вай дар давраи беш аз 30 соли давлатдориаш ба кишварҳои дуру наздик лашкар кашида, чандин кишвари ободро хароб ва ҳазорон хонаводаро бехонумон кардааст.

Султон Маҳмуд ҳангоми лашкаркашиҳояш яке аз муқаддасоти ҳиндувон – маъбади муҳташаму зебои Суманотро хароб намуда, ба хок яксон намуд. Султон Маҳмуд на танҳо шаҳрҳоро вайрон карда, моли мардумро ба яғмо мебурд, балки нисбат ба аҳолӣ низ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рӯй намегардонид. Масалан, ӯ дар соли 1019, пас аз ишғол кардани қалъаи Маҳованд (ё худ Моҳобон), ба сабаби он ки ҳокими қалъа пеш аз омадани вай гурехтааст, тамоми сокинони онро қатли ом (генотсид) намуда буд. Дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (муаллифон С.Хоҷаев ва С.Муллоҷонов) низ омадааст, ки Султон Маҳмуд дар таърих ҳамчун шоҳи ситамгару хунхор ном баровардааст. Ҳарчанд шиори ҷангҳои ӯ «паҳн кардани дини ислом» буд, дар асл ӯ барои ба даст овардани сарват ва ғуломон меҷангид. Халифаи араб ӯро барои чунин корҳояш дастгирӣ менамуд ва унвону лақаб медод. Дар замони ӯ ҷосусӣ, иғвогарӣ аз қафои ҳокимон ва одамони каму беш машҳур авҷ гирифта буд. Ҳатто аз паси писараш Масъуд ҷосус гузошта буд.

Яке аз корҳое, ки Султон Маҳмуд дар идораи кишвар ба роҳ андохт ин буд, ки ӯ ба ҳукмронии хонадонҳои маҳаллии тоҷик хотима дода, нагузошт, ки онҳо мустақилона фаъолият кунанд. Ба ҷои хонадонҳои маҳаллии ҳокимони тоҷик (дар Сиистон, Хоразм ва Хатлон) фарзандон, бародарон ва ашхоси ба худ вафодорро таъйин менамуд. Баъди тасарруфи Хоразм соли 1017 ба ҳукмронии хонадони хоразмшоҳиёни маҳаллӣ – Маъмуниён хотима дода, яке аз ғуломони худ – Олтинтошро ба вазифаи хоразмшоҳӣ таъйин намуд.

Султон Маҳмуд ба муқобили ҳар гуна ҷараёнҳои динӣ мубориза мебурд. Танҳо соли 1029 дар шаҳри Рай (наздикии Теҳрон) ҳазорон нафар одами бегуноҳро бо баҳонаи «бадмазҳабӣ» аз дами теғ гузаронд ва молу мулкашонро аз они худ намуд. Ӯ тамоми душманонашро бо ҳамин баҳона нобуд мекард. Султон Маҳмуд барои он шоирону олимонро ба дарбор даъват менамуд, ки ӯро ва аҳли сулолаашро таърифу тавсиф карда, мадҳия гӯянд. Олими бузурги  тоҷик Абӯрайҳони Беруниро дар ҳамаи лашкаркашиҳояш зӯран ба Ҳиндустон мебурд. Агар Султон Маҳмуд шоҳи одил мешуд, «Шоҳнома» -и Фирдавсии бузургро қадр менамуд. Муаллифи мақолаи «Султон Маҳмуд кӣ буд?» аз номи омӯзгори собиқадор Темур Ҳасанзода дар бораи Султон Маҳмуд ҳамчун шоҳи райиятпарвар ва дорои хислатҳои нек ҳикоя (ё худ қиссаеро) овардааст. Қиссаи мазкур ҳақиқат дорад, вале он ба Султон Маҳмуд ҳеҷ гуна иртиботе (робитае) надорад. Ин қисса нисбат ба шоҳи Сосониён Анӯшервони Одил (531-579) гуфта шудааст. (Нигар ба китоби «Алифбои ниёгон». Муаллифон А. Байзоев ва Шаҳбоз Кабиров).

Султон Маҳмуд ниҳоят шахси бераҳм ва хасис буд. Муаррихи асри 15 Мирхонд дар далели хасисӣ ва ҳирси ози Маҳмуди ғазнавӣ чунин ҳикояти аҷиберо овардааст: «Гӯянд, ки Султон ду рӯз қабл аз вафоти худ фармон дод, то аз хазина дирам … ва динорҳои сурх ва анвои ҷавоҳири нафис ва ғайраро, ки дар айёми салтанат ҷамъ оварда буд, ҳозир карданд ва дар саҳни сафҳаи ариз (васеъ) ҳамаро бигустурданд ва он саҳн дар назари бинандагон бӯстоне менамуд, ки ба гулҳои мулавван аз сурх ва зард ва бунафш ва ғайра ороста бошанд. Султон Маҳмуд бо чашми ҳасрат дар онҳо менигарист ва зор-зор мегирист ва баъд аз гиряи зиёд бифармуд, то ҳамаро ба хазина бибурданд ва фулусе аз он ҳама ҷинс ва нақд ба касе надод, бо он ки медонист, ки дар он ду рӯз ҷони ширин ба сад талхӣ хоҳад дод». (Равзат-ус-сафо. Саҳ-38).

Устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» овардааст: «Султон Маҳмуд дар роҳи тараққиёти хоҷагии қишлоқ ягон коре накард. Дар аҳди ӯ зироат ба харобӣ рӯ оварда, равобити иқтисодии вилоятҳои ҷудогонаи мамлакат заиф гардид. Ноустувории  давлати барпокардаи Султон Маҳмуд, хусусан, пас аз вафоти ӯ (соли 1030) боз ҳам равшантар зоҳир шуд».

Суханҳои ногуфта хеле зиёданд, вале ҷойи баҳс нест, ки Султон Маҳмуд ҳаргиз шоҳи одилу райиятпарвар, дурандеш ва оқилу боинсоф набуд.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш