Нашрияи Омӯзгор

Таълими салоҳиятнок ва рушди тафаккур

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Раванди муносибати босалоҳият ба таълим тайи ду соли охир натиҷаҳои муассиру файзбахш ба бор овардааст. Хусусияти хоси усули таълими мазкур дар он аст, ки хонанда бо мустақилияти фикрӣ ба саволу супоришҳо посухҳои фардии худро пешниҳод  карда, дар хонишу тафсир ва тавзеҳи моҳияти матни китоби дарсӣ (шеър, ҳикоя афсона ва ғ.) ба ҷанбаҳои истиқлоли фаҳмиш, таҳлил ва натиҷагириҳо бештар такя мекунад. Яъне, вай мунтазири дастуру раҳнамоии омӯзгор нашуда, худ дар бораи воқеа ё раванди инкишофи хатти сюжет андешаронӣ мекунад, моҳият, ҳадаф ва ғояи матнро бо фаҳмишу ҷаҳонбинии худ таҳлил ва баррасӣ менамояд. Азбаски дар синфҳои ибтидоӣ фанҳои таълимӣ аз рӯйи таълими ҳамгиро омӯзонда мешавад, муҳокимарониҳои шогирдон аз рӯйи зинаи аз сода ба мураккаб, ҳам дар тафсири супоришҳои грамматикӣ (забонӣ) ва ҳам хониш (нақлу хулосабарорӣ аз матни пешниҳодшуда) сурат мегиранд. Аҳамияти судманду муассири усули таълими салоҳиятнокро олимони мактабшинос М. Лутфуллозода, Ф. Шарифзода, И. Абдуллоев, Б. Боронов, Ш. Котибова ва дигарон ҳам дар таҷрибаҳои амалӣ ва ҳам тадқиқотҳои назариявию илмӣ хотирнишон кардаанд. Барои мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, омӯзишу баҳрабардорӣ аз асарҳои ин олимон муҳим  буда, зимни роҳандозии машғулиятҳо аз тарзу шеваҳои истифода аз усули муносибати босалоҳият ба таълим аз он эҷодкорона кор мегирем. Албатта, салоҳиятҳо дар дарс вобаста ба вазъи баамаломада (манзур раванди такомулу таҳаввули таҳлилу натиҷагирӣ ва баёни андешаҳои хонандагон) пешниҳод мегарданд. Дар ҳар сурат, хонанда ҳангоми ибрози назари худ мухторияти комили фикрӣ дошта, таҳлилу андешарониҳояшро ба таври ноқис ё  ғалат ҳам бошад, баён мекунад.

Ба омӯзгор лозим меояд, ки ҳамчун довар баъд аз ибрози андешаҳои шогирдон (на вақти суханронии онҳо) камбудию иштибоҳҳои онҳоро вобаста ба таҳлили матн, иҷрои саволу супоришҳо ва коркарди машқҳо нишон дода, тарзи саҳеҳу дурусти онро баён намояд. Муносибати  босалоҳият ба таълим усули шавқовар, рангин ва ҷаззоби таълимӣ буда, дар рушди тафаккур ва истиқлолу озодии баёни хонанда нақши муҳим  мебозад.

Саодат Холиқова,

омӯзгори мактаби №36, ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш