Дар ҷавоби мақолаи С. Аминов “Нахуст андеша, он гоҳ гуфтор”, “Омӯзгор”, №25, 21.06.2018
Мехоҳем перомуни мақолае бо номи “Нахуст андеша, он гоҳ гуфтор”, ки дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” аз 21 июни соли 2018 ба табъ расидааст, ибрози назар намоем. Дар ин мақола Саидамир Аминов баъзе андешаҳои моро зери шубҳа гузошта, кӯшиш кардааст, ки ба тарзи худ ба хонанда пешниҳод кунад.
Аслан, ки дар ҷавоби он сукут кардан беҳтарин посух аст, вале ба хотири ин ки хонандаи гиромӣ ба ҳақиқати мавзӯъ пай барад, маҷбурем, ки ба он равшанӣ андозем. С. Аминов аз силсиламақолаи мо, ки дар нашрияи “Омӯзгор” таҳти унвони “Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим” моҳҳои декабри соли 2017 ва январи соли 2018 ба табъ расида буд, пораҳоеро интихоб карда, ба қобили қабул набудани онҳо “фатво” додааст ва дар идома танҳо дар масъалаи “аҳаммияти аз ёд кардани шеър”, ки гӯё мо онро рад карда бошем (!), андешаҳои солҳои 1941, 1979, 1988 ва 1990 (!) аз ҷониби олимони гуногун зикргардидаро ҳамчун далел овардааст.
Аввалан, қоидаи маъмулии одоби баҳс ва овардани иқтибос он аст, ки мунаққид ҳақ надорад, ҷумлаи нопурраро аз матн ё як қисми ҷумларо аз ҷумла “канда гирифта”, барои тасдиқи шубҳаҳои худ истифода кунад. Сониян, вақте ки аз касе иқтибос меорем, бояд манбаи онро низ зикр кунем, то ки хонанда дар сурати зарурат онро пайдо кунад, бихонад ва ба ҳақиқати мавзӯъ пай барад.
Мо намехоҳем, ки худро дар назди хонанда сафед кунем (ба ин ҳақ ҳам надорем) ва ё андешаҳои С.Аминовро ботил эълон кунем (ба ин ҳам ҳақ надорем!). Танҳо иқтибосҳои канда-кандаи С.Аминов ва матни асли онро дар навиштаҳои худ пайиҳам оварда, қазоватро ба худи хонанда ҳавола мекунем.
Иқтибоси С. Аминов: “маориф ҳам як соҳаи илми алоҳида аст”, “истилоҳи “педагогика”, ки аз замони шӯравӣ ба зеҳни мо нишастааст, фарогири ҳамаи маъноҳои мафҳуми “маорифшиносӣ” буда наметавонад, балки он ҳамчун як қисми таркибии ин соҳаи илм муаррифӣ мешавад”.
Матни асл: Дар арсаи байналмилалӣ маориф кайҳо ҳамчун як соҳаи алоҳидаи илм пазируфта шудааст. Дар ин фаҳмиш маориф, ҳамон тавре ки мо мефаҳмем, фақат таълиму тарбия нест. Дар аксар донишгоҳҳои кишварҳои пешрафта факулта ё шуъбаҳои маорифшиносӣ (Education Department) фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ихтисосҳои “идораи маориф” (Education Manegment), “маблағгузории маориф” (Finansing of Education), “банақшагирии рушди маориф” (Education Development Planning) ва ғайра мавҷуданд. Истилоҳи “педагогика”, ки аз замони шӯравӣ ба зеҳни мо нишастааст, фарогири ҳамаи маъноҳои нави мафҳуми “маорифшиносӣ” буда наметавонад, балки он ҳамчун як қисми таркибии ин соҳаи илм муаррифӣ мешавад (яъне, дар миқёси байналмилалӣ – ишора аз мост).
Иқтибоси С. Аминов: “на ҳама метавонанд шеърро аз ёд кунанд” (магар ин фикри хатост?), “барои як гурӯҳ аз ёд кардани шеър, барои гурӯҳи дигар – тасвири манзараҳое, ки дар шеър тавсиф ёфтаанд (масалан, кашидани расми кӯҳҳо...) (Эй кош, ақаллан аз рӯйи инсоф хабари ҷумларо ҳам меовардед! – ишора аз мост).
Матни асл: Аз ёд кардани шеър хуб аст, он хотираи хонандаро тақвият медиҳад, аммо ҳақиқат ин аст, ки на ҳама метавонанд шеърро аз ёд кунанд. Вазифаи таълим, пеш аз ҳама, дарки мазмуни масъала ва истифодаи дониши ба дастомада дар зиндагӣ аст. Бинобар ин, супоришҳо вобаста ба қобилиятҳои инфиродии хонандагон метавонанд гуногун бошанд: барои як гурӯҳ – аз ёд кардани шеър, барои гурӯҳи дигар – тасвири манзараҳое, ки дар шеър тавсиф ёфтаанд (масалан, кашидани расми кӯҳҳо ва дар зери он овардани порчаи мувофиқи шеър), барои гурӯҳи сеюм – нақл дар бораи мавзеъҳое, ки дар шеър ишора шудаанд (Зарафшон, Хатлон, Бадахшон) бо истифода аз донишҳое, ки дар дарсҳои дигар (масалан, табиатшиносӣ) ба даст овардаанд.
Зимнан, маҳз ҳамин пораи иборат аз як ҷумлаи буридаву як нимҷумлаи дигари аз матн рабудашуда муҳтавои мақолаи С.Аминовро ташкил додааст, яъне, тавсифи аҳаммияти аз ёд кардани шеър бо “исбот” аз иқтибоси навиштаҳои дигарон, ки тайи солҳои 40-90-уми асри гузашта ба табъ расидаанд. “Исбот”-и чизе, ки мо муқобили он даъвое надорем!
Иқтибоси С. Аминов: “Дар сохтани ҷумлаҳо низ ҳамаи хонандагон баробар нестанд” (боз ҳам, магар чунин нест?).
Матни асл: Дар сохтани ҷумлаҳо низ ҳама хонандагон баробар нестанд. Барои ба ин кор ҷалб кардани ҳамаи онҳо, сохтани ҷумлаҳоро дар кори гурӯҳӣ ба роҳ мондан мумкин аст. Табиист, ки дар гурӯҳ ҳам ҷумларо як нафар месозад, аммо дигарон низ иштирок мекунанд (пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи як калима калимаи дигар истифода шавад; як кас ҷумла нависад, каси дигар онро хонад; аз ду ё зиёда ҷумлаҳои дар гурӯҳ сохташуда якеро интихоб кунанд ва ғайра).
Иқтибоси С. Аминов: “ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълим на ба китобу матни он, балки пеш аз ҳама ба маҳорату салоҳияти шахсии омӯзгор вобаста аст”.
Асли масъала: Ин ҷумла, ки бо таркиби “Ҳамин тариқ” шурӯъ мешавад” ва дар он бар хилофи иқтибоси С. Аминов таркиби “пеш аз ҳама” аз ду тараф бо вергул ҷудо шудааст, хулосаи қисматест, ки “Китоби дарсӣ ё матн худ аз худ босалоҳият ё бесалоҳият намешавад” ном дорад ва ҳадафи он таъкиди ин нукта аст, ки дар таълим нақши омӯзгор дар ҷойи аввал аст (барои маълумоти бештар руҷӯъ кунед: “Омӯзгор”, 21.12.2017, с. 10).
Иқтибоси С. Аминов: “аммо дар муносибати босалоҳият ба таълим дар назар дошта мешавад, ки мавзӯъ ва мундариҷаи таълим барои ташаккули салоҳиятҳо ҳамчун восита хидмат мекунад (ҳар касе, ки ин нуктаро рад кардан мехоҳад ё босалоҳият нест ё аз салоҳият хабар надорад! – ишора аз мост). Омӯзгорон имконияти иваз кардани мавзӯъро доранд”.
Асли масъала: Ин гуфтаҳои мо набуда, балки иқтибос аз модули таълимии “Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим” аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тренерон ва омӯзгорон дастрас гардидааст (Душанбе, 2017, с. 14). Ҳадаф аз овардани ин иқтибос дар мақолаи мо чунин баён гардидааст: “Аз ин ғалатфаҳмӣ ҳар чи зудтар бояд раҳо ёбем ва дигаронро низ раҳо созем. Бори дигар таъкид мекунем, ки муносибати босалоҳият ба таълим ҳаргиз низоми нав нест. Сухан дар бораи тағйир додани муносибат ба тарзу усулҳо ва ҳадафҳои таълим меравад. Ба ибораи дигар, агар дар низоми анъанавии таълим омӯзгор нақши меҳварӣ дошта бошад (ӯ “ҳоким” асту хонандагон иҷрокунандагони бечунучарои ҳукмҳои ӯ), дар муносибати нав таъмини иштироки фаъолонаи хонанда, аз ҷараёни таълим берун намондани ҳеҷ яке аз хонандагон, ба роҳ мондани нақши роҳнамоии омӯзгор дар мадди назар аст” (“Омӯзгор”, 14.12.2017, с. 10).
Ёдовар мешавем, ки ин силсиламақола таҳти назари вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли як дастур таҳия гардида, аз ҷониби мушовараи вазорат ба чоп тавсия гардидааст ва дар ояндаи наздик дастраси ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар хоҳад шуд. Умедворем, ки омӯзгорону мутахассисони соҳа бо муҳтавои он аз наздик шинос гардида, худашон ба ин баҳс нуқта хоҳанд гузошт.
Азим Байзоев
Иловакунӣ
Иловакунии фикр