Нашрияи Омӯзгор

Ҳафтаҳои фаннӣ ва фаъолияти эҷодии хонандагон

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 902        Шарҳ: 0

 

Вазифаҳои асосии ҳафтаҳои фаннӣ асосан тавассути омодагӣ, ташкил ва гузаронидани дарси кушод ва чорабиниҳои беруназсинфӣ, муайян намудани қобилияти эҷодии хонандагон дар омӯзиши амиқи як фанни муайяни таълимӣ (ва ё ин ё он самти таълим), таъсиси бонки технологияҳои педагогӣ барои рушди хонандагон дар соҳаи илм, ташкил  ва баргузории дарсҳои кушод, техника ва эҷодиёти бадеӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, аз роҳҳои асосии такмил додани маҳорати касбии омӯзгорон ва бо низом баланд бардоштани фаъолияти эҷодкории хонандагон дар доираи нақшаи кори методӣ баргузор намудани  ҳафтаҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маҳсуб меёбад.

Дар аксари муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз он, ки масъалаи мазкур бояд ба дӯши муовини директор оид ба корҳои  таълимӣ вогузор шавад, иҷрои он ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ҳавола гардидааст. Дар асл, агар  мо ба масъалаи  мазкур аз наздик шинос шавем, хис мекунем, ки ташкил ва гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ  яке аз самтҳои асосии раванди таълиму тарбия ва ба низом даровардани корҳои методӣ мебошад.

Бояд мутасаддии ташкил ва баргузории  ҳафтаҳои фаннӣ тибқи  фармоиш  муовини директор оид ба корҳои таълимӣ бошад. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар гузаронидани масъалаи зикршуда ба самти тарбияи худшиносии хонандагони диққати ҷиддӣ дода, саҳми  худро баробари муовини директор оид ба корҳои таълим гузорад.

Мо ҳафтаҳои фанниро набояд бо ташкил ва гузаронидани  ҷамъомади хонандагон, ки дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ аз ин ё он фанни таълимӣ  шеърхонӣ  намуда, доир ба ин ё он шоиру адиб ё олими ягон соҳа маълумот медиҳанд, маҳдуд намоем. 

Ба ақидаи ман, мутасаддии асосии ташкил ва гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ бояд роҳбари Шӯрои методии (муовини директор оид ба корҳои таълим) муассисаи  таълимӣ  бошад. 

  Ягона камбудии  асосии роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои таълимӣ дар он аст, ки дар нақшаи кори  солонаи  иттиҳодияҳои  методӣ  ташкил ва гузаронидани ҳафтаҳои фанниро тибқи фанҳои таълимӣ ба инобат намегиранд.

Роҳбари Шӯрои методии муассисаи таълимӣ бояд дар вақти омӯзиш ва баррассии нақшаи кори солона  ба масъалаи номбурда диққат дода, кӯшиш ба харҷ диҳад, ки  ҳама ҳафтаҳои фаннӣ дар асоси нақшаи кори солонаи иттиҳодияҳои методии фаннӣ  ба роҳ монда шуда, мавзӯъҳои ҳафтаҳои фаннӣ дар ҷаласаи иттиҳодияи методии муассисаи таълимӣ дар аввали соли таҳсил муайян карда шавад. Раванди чорабиниҳо бояд ба мақсад ва ба мавзӯи ҳафтаи фаннӣ пурра мувофиқат кунад.

 Аз ин ҷост, ки ташаббускори асосии гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб мераванд.

Нақшаи баргузории ҳафтаҳои фанниро бо назардошти шуғли тамоми омӯзгорони муассисаи таълимӣ, шаклҳои гуногуни гузаронидани дарс ва дигар чорабиниҳо, таҳияи ҷадвали баргузории ҳафтаҳои фаннӣ бо нишон додани вақт ва шахси масъул дар мувофиқа бо роҳбари иттиҳодияи методӣ, ду ҳафта пеш аз гузаронидани ҳафтаи фаннӣ таҳия намудан ба мақсад мувофиқ аст.

 Ҳар як омӯзгори фанни таълимӣ ва ё гурӯҳи омӯзгороне, ки аз як фан дарс мегӯянд, дар давоми соли таҳсил бояд на камтар аз як маротиба ҳафтаи фаннӣ ва чорабинии беруназсинфӣ баргузор намоянд.

  Тамоми ҳадаф ва мақсади маъмурият ва омӯзгорони фаннӣ дар давоми ҳафтаи фаннӣ барои ҷамъбасти ҳафта нигаронида бояд шавад. 

  Ҷамъбасти ҳафтаро дар аксари муассисаҳои таълимӣ, дар роҳравҳои муассисаҳои таълимӣ дар вақти баргузории ҷамъомади пагоҳирӯзӣ мегузаронанд, ки ин қобили қабул нест. 

Ҳафтаи фаннӣ дар ҳарду баст дар маҷлисгоҳи  муассисаи таълимӣ  бо иштироки тамоми омӯзгорони фанҳои таълимӣ, роҳбари муассисаи таълимӣ, муовинон, омӯзгорони фаннӣ, намояндаи кабинети методӣ, (яъне   мушовири фанни таълимие, ки тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф ба фанни таълимӣ муваззаф гардонида шудааст), ҷамъбаст карда мешавад.  (Агар маъмурият лозим донад,  падару модарони хонандагонро низ даъват мекунад).

Дар ҷамъбасти ҳафтаҳои фаннӣ роҳбарони иттиҳодияи методии фаннӣ бояд ба муовини директор оид ба таълим (роҳбари Шӯрои методӣ)  чунин ҳуҷҷатҳо супоранд:

-ҷадвали баргузории ҳафтаҳои фаннӣ;

-саволу супоришҳои олимпиадаҳои фаннӣ ва протоколи натиҷагирии онҳо;

-нақша ва сенарияҳои дарси кушод ва дигар чорабиниҳо;

-ҳисобот оид ба ҷамъбасти ҳафтаҳои фаннӣ бо нишон додани ному насаби омӯзгорон ва хонандагон;

 -ба инобат гирифтани масъалаи зикршуда дар вақти гузаштани  омӯзгорон аз аттестатсияи навбатӣ; 

Дар ҷамъбасти ҳафтаи фаннӣ иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотирмон, мукофот ва ифтихорномаҳои муассисаи таълимӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия ё шаҳр сарфароз гардонида мешаванд.

Парвиз Латифов,

мудири кабинети методии

шуъбаи маорифи

ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш