Нашрияи Омӯзгор

Масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

 Бидуни таълиму тарбия  тартибу низомро дар ҷомеа наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат эътимод баст.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд»  дар баланд бардоштани  сатҳи маърифатнокии  наврасону ҷавонон, ки неруи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат  маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт.

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чи аз нигоҳи қонун ва чи аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғазолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе  мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”.

Дар хотир бояд дошт, ки фарзанди имрӯзаи мо падар ва модари оянда хоҳанд шуд. Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад, ки ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллат ба хисоб меравад.

Барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи падару модар ҳам барои фарзанд  ифтихор мебошад.

Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои  ахлоқи наку ва ба ҷомеа нафърасон мебошад.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асосӣ мебозад.

Яке аз беҳтарин усули тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Дар сархати 8-уми моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омада, ки падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд.

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, боз ҳам баланд бардоштан ва пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар раванди тавълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.

 

Мунира Қуддусова,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №8,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш