Нашрияи Омӯзгор

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Машварати августии омӯзгорон ҷамъбасти фаъолияти кори яксолаи  иттиҳодияҳои методӣ, шӯроҳои методии  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва кабинети методии шуъбаи маориф ба ҳисоб меравад.

Шакли самараноки омӯзиш, ҷамъ-баст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам,  тарғиби дастовардҳои илмӣ-педагогӣ, эҷодкорӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим,  муайянкунии роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳу  сифати таҳсилот, шинос намудани омӯзгорон ба  тағйиру иловаҳои нақшаву барномаҳои таълимӣ, фармоишҳои вазири маориф ва илм, дастурҳои таълимию методии таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муассисаҳои зерсохторҳои он ва навгониҳои соҳа ба шумор меравад.

Дар машварати августӣ омӯзгорони фанҳои таълимӣ, мураббиён, роҳбарони синф, китобдорон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф  иштирок менамоянд.

Омодагӣ ба ин маъракаи муҳими соҳаи маориф дар тамоми раёсат ва шуъбаҳои маориф бояд аз рӯзи дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» нашр шудани мавзӯъҳои машварат оғоз шавад.

Вазифаҳои машварати августӣ асосан аз муайянкунӣ, ҷамъбасту тарғиб, татбиқи  ҳамаҷонибаи таҷрибаи пешқадами кормандон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, мусоидат намудан дар такмили илмӣ, методӣ ва маҳорати касбии омӯзгорон, роҳбарони синф, китобдорон, директору муовинони директорони  муассисаҳои таълимӣ, ташаккули ташаббуси эҷодӣ ва завқи касбии онҳо, ҷалби омӯзгорон ба коркарди илмӣ-методии масъалаҳои муҳими таҳсилот ва ширкати онҳо дар озмоишҳои  педагогӣ иборат мебошад.

Тибқи пешниҳоди Маркази ҷумҳу-риявии таълимию методии назди Вазорати маорифи ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон, бо фармоиши вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон №1238, аз 28.05.2014 дастури “Тартиби гузаронидани машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф дар вилоят ва шахру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» тасдиқ шуда, дастраси шуъбаҳои маориф гардида бошад ҳам,  дар аксари шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ масъулини шуъбаҳои маориф барои амалӣ намудани он тадбирҳои мушаххас намеандешанд.

Рафти таҳлил ва мушоҳидаҳои солҳои пешин нишон медиҳад, ки мудир ва мушовирони кабинетҳои методии назди раёсат ва шуъбаҳои маориф, ки ташкилу гузаронидани масъалаи мазкур ба онҳо вобаста шудааст, бемасъулиятӣ зоҳир намуда, машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифро тибқи дастури дар боло зикршуда ба роҳ намемонанд.

Яке аз самтҳои асосии масъалаи мазкур дар дастур ин “Мавзӯъ ва ҳадафи маърӯзаҳои пешниҳодшуда”  ва “Тақризнависӣ ба маърӯзаҳо”  мебошад.

Дар вақти суҳбат бо мушовирони кабинетҳои методӣ маълум мешавад, ки онҳо ба тарзи навиштани тақриз ба мавзӯҳои пешниҳодшуда душворӣ мекашанд. Сабаб дар он аст, ки мудирони шуъбаҳои маориф ва мудирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф ба  дастури мазкур аз наздик шинос нестанд.

Вазифаи асосии мушовирони кабинети методии назди шуъбаҳои маориф ва шахсони масъуле, ки бояд ба баргузории раванди бахшҳо вобааста шудаанд, аз он иборат аст, ки  ба ҳар як мавзӯи пешниҳодшуда хулосаи асосноки илмӣ ва тавсияҳои методӣ  нависанд.

Мушовирон бояд ба он диққат диҳад, ки дар маърӯзаҳои пешниҳодшуда, номгӯйи фаъолияти омӯзгор ва ё муассиса номбар нашуда, хусусияти кори муаллиф ва пажӯҳишҳои эҷодии ӯ бештар нишон дода шавад.

Маърӯза бояд дар баробари ҷанбаҳои мусбати кори муаллиф ё коллективи омӯзгорӣ, нишон додани роҳ, восита ва усулҳои гуногуни бартараф кардани монеа камбудӣ ва мушкилоти кори соҳаро, ки муаллиф дар ҷараёни фаъолият ба он дучор гардидааст, фаро гирад.

Дар маърӯза бояд натиҷаи озмоишҳои гузаронидашудаи педагогӣ дар самти омӯзиши  самаранокии  таҷрибаи пешқадам баён карда шавад.

Тибқи дастури мазкур он мавзӯъҳоеро, ки дар машварат талаботи иштирокдоронро қонеъ гардонида, мавриди баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ қарор дода мешаванд, барои омӯзиш ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф пешниҳод намуда, баъди таҳлилу натиҷагирӣ барои нашр ба нашрияҳои соҳаи маориф супурда шаванд.

Ташкилу гузаронидани  машварати августӣ ин ҷамъбасти фаъолияти раванди кори хадамоти методии ҳам муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва шуъбаи маорифу раёсати маориф мебошад.        

Аз ин лиҳоз, мудири маркази методии назди раёсати маорифи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мудирони кабинетҳои методии назди раёсатҳои маориф, мудирони кабинетҳои методии назди шуъбаҳои маорифро  зарур аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу гузаронидани машварати августӣ ва маҷлисҳои васеи кормандони соҳаи маориф, ки дар давоми як сол як  маротиба баргузор мегардад, масъалаҳои зеринро ба инобат гиранд, чунки бевосита масъули ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳим ба дӯши онҳо мебошад.

1.Таҳияи фармоиши мудири шуъбаи маориф дар бораи ташкил ва баргузории машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф.

2.Таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф “Дар бораи ташкил ва баргузории машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф”.

3.Мавриди омӯзиш қарор додани мавзӯъҳои пешниҳодшудаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кабинети методии шуъбаи маориф.

4.Ҷамъоварӣ ва навиштани тақриз ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда.

5.Роҳбарӣ ба машварати августӣ (муайян намудани роҳбарони бахшҳо).

6.Ҷамъбаст ва натиҷаи машварат.

7.Ҳисоботи мудири кабинети методии шуъбаи маориф дар Шӯрои шуъбаи маориф оид ба натиҷаи машварат ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф

Аз ин хотир, бояд мудирони шуъбаҳои  маорифи шаҳру навоҳии ҷумхурӣ барои самаранок ва тибқи дастури пешниҳодшуда гузаронидани машваратҳои августӣ аз маслиҳатҳои мутахассисони Вазорати маориф ва илм ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ кор баранд.

Ба машварати августӣ бо мақсади расонидани ёрии методӣ, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Пажӯҳишгоҳи  рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, муаллифони барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро даъват намудан зарур аст.

Ҷаваршо Иматшоев, 

мушовири Маркази ҷумҳуриявии  таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш