Нашрияи Омӯзгор

Рушди варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Пешравиҳое, ки солҳои охир дар самти варзиш дар кишвари азизамон ба вуқӯъ пайваст, ба ояндаи дурахшони соҳаи мазкур эътимодро афзун мекунад. Зеро баъди паҳн гардидани бемории сироятии COVID-19 чорабиниҳои варзишӣ дар кишварҳои ҷаҳон муваққатан қатъ карда шуданд. Ин беморӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҷомеа ба соҳаи варзиш низ таъсири худро расонд. Ифтитоҳи Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе муждае буд барои на танҳо ҳаводорони варзиши тоҷик, балки ҷаҳон. 

Яке аз муваффақиятҳои сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бунёди мунтазами иншооти варзишӣ ва дастгирии варзишгарони кишвар давоми 10 соли охир мебошад.

Иқдомҳои беназири дигар аз ҷониби Сарвари давлат  таъсиси  Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошад. Ҷоизаи номбурда 9 январи соли 2015 бо Фармони Президенти мамлакат таъсис дода шуда, то имрӯз 180 варзишгар, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.

Чунин ҳавасмандгардонии давлату Ҳукумат ва иқдомҳои беназири Пешвои миллат буд, ки мо тайи солҳои охир  шаҳди пирӯзии варзишгаронамонро аз чемпионати Осиё сар карда, то ба бозиҳои олимпӣ, ки қуллаи баланди варзиш маҳсуб меёбад, чашидем. Инро метавон дар мисоли медалҳои  биринҷии бадастовардаи Мавзуна Чориева дар шаҳри Лондон (с.2012) ва тиллоии Дилшод Назаров дар  олимпиадаи Рио-де-Женейрои Бразилия ном бурд.

Ҳукумати кишвар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пардохт. Дар ин давра барои варзишгарон иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муҳим буд. Варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ кишварамонро ба таври шоиста муаррифӣ мекарданд, ки миёни онҳо метавон исми Расул Боқиев, Андрей Абдувалиев,  Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Юсуф Абдусаломов ва дигаронро ном бурд. 

Баъди бунёди иншооти гуногуни варзишӣ ва муҳайё намудани шароити зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд. Қабули барномаҳои маҷмӯии “Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш” ва “Рушди футбол барои солҳои 2017-2021” тайи се соли охир зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки воситаи муҳими эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ мебошад, аз зумраи онҳост.

 

Дӯстмурод ҚАҲҲОРОВ,

сармураббии мактаби                   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш