Нашрияи Омӯзгор

Б. Камолов: Варзишгарони шоистаро тарбия менамоем

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар тайёр кардани мутахассисони гуногуни коргарӣ нақши муҳим доранд. Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

Дар суҳбат бо директори коллеҷ Бахтиёр Камолов аз вазъи таълим, шароит дар хобгоҳи муҳассилин, истифодаи босамари воситаҳои таълим, инчунин китобхона, таъмин бо компютерҳо, синфхонаҳои барҳаво ва толору машқгоҳҳо маълумот пайдо кардем. 

- Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар заминаи техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ташкил ёфта, дар рушди соҳаи дар ҷумҳурӣ хидмати калон анҷом медиҳад. Муассиса бо роҳнамоиву нишондодҳои сарпарастони соҳа -  Вазорати  маориф  ва илми Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро такмил дода истодааст, - иброз дошт Б. Камолов. – Воқеан ҳам, имрӯз варзиш дар ҷумҳурии мо ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва  пураҳамият маҳсуб ёфта, пешрафти  он дар байни табақаҳои  васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа муқаррар гардид ва ин аз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш сарчашма мегирад.

Бино ба иттилои директори коллеҷ, айни замон дар муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисоси «Тарбияи ҷисмонӣ» бо равияҳои гӯштини миллӣ, футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, гимнастика, бокс ва якҳарбаи  шарқӣ варзишгар тайёр карда мешавад. Соли гузашта дар муассиса ихтисоси «Омодагии дифои ҳарбӣ» кушода шуд. Дар ду кафедра – «Варзиш» ва «Фанҳои гуманитарӣ» бештар аз шаст нафар устоди ботаҷрибаи соҳавӣ, ки аксарияташон дорои тахассуси дараҷаи олӣ, унвони  илмӣ ва дорои дараҷаҳои варзишӣ мебошанд, ба шогирдон сабақ меомӯзанд. Ҳашт нафари онҳо дорои унвони Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон мебошанд.

Дар коллеҷ ҳашт устод ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ машғуланд. Имрӯз  50 фисади устодони коллеҷро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар коллеҷ феълан 771 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки   ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Теъдоди кабинетҳои ҳаматарафа ҷиҳозонидашуда дар коллеҷ меафзояд. Агар миқдори кабинетҳои фаннӣ як сол пеш 14 ададро ташкил медод, имсол ба 19 адад расонида шуд.

Аз соли таҳсили 2018 – 2019 дар муассиса Маркази тестӣ фаъолият дорад. Маркази мазкур бо даҳ адад компютери ба шабакаи интернет пайваст ва мизу курсиҳо таъмин мебошад. Соли гузашта ду синфхонаи алоҳидаи компютерӣ пурра ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ, дар коллеҷ се синфхонаи ба таври замонавӣ ҷиҳозонидашудаи компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳоло муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба қабули шогирдон пурра омода мебошад.

Ба андешаи директори коллеҷ Бахтиёр Камолов яке аз сабабҳои муваффақ шудани ҳайати омӯзгорону шогирдон дар он аст, ки дар муассиса бахши идоракунии сатҳи сифати таҳсилот амал менамояд. Бахши  идоркунии сифати таҳсилот дар ҳар се моҳ миёни донишҷӯён мониторинг гузаронида, аз натиҷааш ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   маълумот медиҳад.

Албатта, таҷрибаомӯзӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти коллеҷ ба ҳисоб меравад. Коллеҷ дар асоси шартномаи дуҷониба шогирдонро ба мактабҳои ноҳияи Сино ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар менамояд.

Имрӯз ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса нақшаҳои зиёде доранд, то дар пешрафти соҳаи варзиши ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоранд. Боиси хурсандии аҳли коллеҷ аст, ки шогирдон низ дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва берун аз он низ ширкат варзида, шарафи  муассиса ва омӯзгоронашонро баланд мебардоранд.   

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш