Нашрияи Омӯзгор

Марказ бинои асосӣ надорад

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳияи Муъминобод зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма чунин гуфт:

 - Дар соли таҳсили  2019-2020 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби 40 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 5 медали тилло, 6 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хатмкунандаи мактаб-интернати ноҳия Қурбонбӣ Шамсуддинова аз фанни география сазовори медали биринҷӣ гардид. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 дар ноҳияи Муъминобод 178  иншооти гуногун аз ҷумла, 23 мактаб ва 14 кӯдакистон бунёд мегардад.

Бо вуҷуди пешрафтҳо дар соҳаи маориф баъзе мушкилот низ ба чашм мерасанд. Аз соли 2018 сохтмони лагери истироҳатӣ-фароғатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров барои 400 нафар ба нақша гирифта шудааст, аммо то имрӯз  корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидаанд.  Дар 50%-и муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои таъмиру тармим аз тарафи Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон ба роҳ монда шудааст. Фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо, маблағгузорӣ нашудани барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи маориф, паст будани сифати таҳсилот ва фаъол набудани маҳфилҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмин набудани маркази технологияи информатсионии ноҳия бо бинои асосӣ аз мушкилоти ин соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад, - гуфт раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода.                                                                        

Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш