Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгорони забонҳои хориҷӣ намерасанд

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Почохон Зарифӣ дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки дар соли 2019 бинои дуошёнаи таълимӣ иборат аз 8 синфхона, барои 180 ҷойи нишаст дар як баст, дар мактаби №11 бо маблағгузории Ҷумҳурии Федератсияи Олмон ба истифода дода шуд. Сохтмони 11 синфхона дар мактаби №8, 10 синфхона дар мактаби №10 ва 12 синфхона дар мактаби  №28  идома дорад. Ҳамзамон, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои №40 (2 синфхона) ва №60 (як синфхона) аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбист. Хонандагони ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ соҳиби 23 ҷойи ифтихорӣ ва дар даври ҷумҳуриявӣ  соҳиби 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд. Мавсуф дар хусуси татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» иброз дошт, ки дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия то имрӯз  39 адад компютер, 5 адад тахтаи электронӣ ва 7 проектор харида шудааст. Мавриди зикр аст, ки барои амалӣ намудани «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ  4 кабинети фаннӣ дар муассисаҳои таълимии №№ 2,9 ва 15 омода гардид. Ба 15 омӯзгори ҷавон 90 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Ҳамчунин, раиси ноҳия қайд кард, ки дар мактабҳо  омӯзгорони забонҳои хориҷӣ намерасанд ва барномаҳои давлатӣ ба таври бояду шояд маблағгузорӣ нагардидаанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш