Муаллиф дар мақолаи хеш «Шӯрои методӣ бояд фаъол бошад» роҷеъ ба аҳамияти Шӯрои методӣ дар рушди корҳои методӣ, баланд бардоштани салоҳиятнокии омӯзгорон ва сатҳу сифати таълим сухан рондааст.
Шӯрои методӣ ба ҳамаи корҳои методие, ки дар муассисаи таълимӣ ташкил карда мешаванд, роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати Шӯрои методӣ муаллимони беҳтарин, ки таҷрибаи бойи педагогӣ доранд, омӯзгорони навовару эҷодкор, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, роҳбари «Мактаби таҷрибаи пешқадам» ва роҳбари созмони хонандагон шомил мешаванд. Раиси Шӯрои методӣ муовини директор оид ба корҳои таълим ё яке аз омӯзгорони эҷодкор бо фармоиши директор таъйин карда мешавад.
Шӯрои методӣ дар ҷорӣ намудани усулҳои шаклан ва мазмунан ҷадиди таълим саҳмгузор буда, бо ин мақсад ба иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фаннӣ ёрии амалӣ мерасонад. Ҳамчунин, дар тарҳрезии нақшаи кории онҳо ҳисса гузошта, дар ҷамъомадҳои иттиҳодияҳои методӣ аз рӯи тартиби муайян иштирок карда, барои беҳбудии кори онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълиму тадрис, баланд бардоштани сифати дониши хонандагон маслиҳату тавсияҳои судманд медиҳад. Дар кори ташкил кардан ва гузаронидани хонишҳои педагогӣ, конфронсҳои илмию амалӣ ва методӣ роҳбарӣ мекунад. Шӯрои методӣ бо роҳбарии муовин ва маслиҳати директори муассисаи таълимӣ мавзӯъҳои конфронс ва хонишҳои педагогиро тартиб дода, онҳоро ба шахсони дахлдор вобаста мекунонад. Баъд аз тайёр шудани маърӯзаҳо онҳоро аъзои Шӯро хонда мебароянду тақриз менависанд ва сифати онҳоро муайян карда, барои машварати августӣ, хонишҳои педагогӣ ва чопаш дар матбуоти даврӣ тавсия медиҳанд.
Шӯрои методӣ дар омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тарғиби он саҳм мегирад. Дастовардҳои пешқадами таълиму тарбияро дарёфт намуда, гӯша, буклету албом ташкил мекунад, аз таҷрибаи кори онҳо дастуру мақолаҳо таҳия намуда, дастраси омӯзгорон менамояд. Моҳе як маротиба бо омӯзгорони ҷавон ва дигар муаллимоне, ки дар раванди таълим ҳанӯз маҷрои кори хешро наёфтаанду ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, семинари дастурдиҳӣ ташкил мекунад. Аъзои Шӯро ба чунин омӯзгорон дар кори тартибдиҳии нақшаи яксоатаи дарсӣ, нақшаи яксолаи худомӯзӣ, бо усулҳои шавқовар гузаронидани дарсҳо, роҳҳои сохтани аёният, истифодаи усули ҳамкорӣ (интерактивӣ)-и дарс, самаранок истифода бурдани вақт, тарзи супоридани вазифаи хонагӣ ва пурсиши он, кор бо хонандагони қафомонда ва ғайра дастуру ҳидоятҳо медиҳад.
Раиси Шӯрои методӣ мувофиқи нақшаи кори худ ҷадвали дарсҳои кушоди намунавиро муайян намуда, дастраси роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ мегардонад, то ки мувофиқи он ба дарсҳои омӯзгорон ворид шуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо ёрии амалӣ расонанд ва шаклу усулҳои навтаринро дарёфт намуда, дастраси омӯзгорон гардонанд...
Дуруст ташкил кардану ба роҳ мондани кори Шӯрои методӣ ба сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ, истифодаи усулҳои замонавии таълим, иҷрои барномаҳои таълимӣ ва шаффофияти озмунҳои фаннӣ таъсири бевосита мерасонад. Барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти он танҳо аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ донишу малака, масъулиятшиносию дилгармӣ ба кори худ лозим асту бас.
Бӯрибой Ҳайдаров,
корманди МҶТМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр