Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикон табиатан дӯстдори варзишанд

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама давраҳои таърихи башарӣ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саршори омилҳои зебоӣ, паҳлавонӣ, ватанхоҳӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, ҳамкорӣ ва сулҳу дӯстӣ мусоидат менамояд. Дар мавриди аҳамият, нақш ва мақому манзалати варзиш дар ҷомеа, ҷанбаҳои таърихии муносибати мардуми тоҷик ба он, дастоварду навгониҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ба ифтихори Рӯзи варзишгарон суҳбате доштем бо ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, профессор Шодӣ Сафаров, ки пешкаши хонандагон менамоем.

-Муаллими муҳтарам, мехос-тем дар мавриди истилоҳи «варзиш», аҳамияти он, ҷанбаҳои таърихии муносибати мардумамон ба варзиш суҳбатамонро оғоз бахшем.

-Дар оғоз табрикоти ҳайати устодону донишҷӯёни ДТҶТ ба номи  Сайидмуъмин Раҳимовро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон ба кормандони соҳа ва сокинони кишвар иброз менамоям.

Мусаллам аст, ки варзиш як бахши муҳими ҳаёти инсонҳост. Агар ба таҳлилҳои илмӣ такя намоем, варзиш мафҳуми умумии яке аз рукнҳои тарбияи ҷисмонии ҷамъият мебошад, ки таърихан дар шакли фаъолияти мусобиқавӣ ва таҷрибаи махсуси тайёрии инсон ҷиҳати баргузории мусобиқаҳо ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷисмонӣ як навъи санъат буда, ҷараёни махсус ва натиҷаи фаъолияти инсонҳо, восита ва тарзи мукаммалгардонӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯз талабот ё ин  ки ниёзи одамонро ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш метавон ба талаботи китоб хондану дониш аз худ намудан баробар кард. Одам бе китоб наметавонад дунёи маънавии хешро рушду такмил диҳад, бе тарбияи ҷисмонӣ бошад, саломатӣ ва пайкару қомату зеборо менамояд. Боиси хурсандист, ки мардуми тоҷик ҳамеша ба варзиш чун ба як воситаи обутоб додани бадан ва омодагии ҳарбӣ муносибат менамуд. Ба ибораи дигар, халқи тоҷик аз азал хиради бузурги варзишгаронаро доро буда, табиатан дӯстдори варзишанд.

Умуман, дар масъалаи аҳамияти варзиш баҳсҳои илмию амалии доманадоре мавҷуданд, аммо қуввату дониш бузургтарин ҷавҳари одамизоданд. Шахсе, ки аз ин ду неъмат бархӯрдор аст, ҳаматарафа ташаккулёфта аст. Бо боварии комил метавон гуфт, шахсе, ки дар такомули тану рӯҳи хеш машғул аст,  ӯ ҳатман ба дараҷаи камолот мерасад.

-Воқеан ҳам, халқи тоҷик аз азал хиради бузурги варзишгаронаро дорост.   Ҳамин аст, ки соҳаи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бахши муҳими сиёсати иҷтимоии ҳукумату давлати Тоҷикистон ва дар ин замина, самти афзалиятнок дар ҷумҳурӣ муқаррар гардид. Рушди соҳаро дар даврони соҳибистиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Дар расми ифтитоҳи иншооти беназири варзишии Қасри теннис ва Маҷмааи варзишии намудҳои обӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муқоиса ба даврони Шӯравӣ, махсус хотиррасон карданд, ки танҳо давоми 10 сол (солҳои 2011-2019-ум), 2550 иншооти варзишӣ бунёд ва 2000 иншооти дигари соҳа таъмиру азнавсозӣ гаштанд. Ё дар мисоли пойтахт ёдовар шуданд, ки танҳо дар се соли охир 225 иншооти варзишӣ бунёду ба истифода дода шудааст. Ифтитоҳи маҷмааи бузург ва рақамҳои зикршуда кифоя аст, то бигӯем, ки давраи истиқлолият бемуболиға, тамоми шароитро барои тараққӣ додани соҳа муҳайё намуд. Илова ба иншооти зиёди бунёдшуда тадбирҳои зиёди дигар бобати хавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузаронидани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар, натиҷаҳои назарраси варзишгаронамон, ба як сухан ҳама аз рушди соҳа дарак медиҳанд.

-Ҳангоме ки дар бораи бурду бохти соҳа сухан мегӯем, наметавон рисолати ягона боргоҳи олии таълимии варзиши кишвар  ДТҶТ ба номи С.Раҳимов, ки аз таъсисёбиаш ним аср сипарӣ мегардад, фаромӯш намоем. Ҳамчун сарвари ин муассиса дар мавриди нақши донишкада чӣ андеша доред?

Бо сарфарозӣ бояд зикр созам, донишкада фаъолияташро тавсеа бахшида, ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намдани омӯзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, кӯҳнавардҳо, воқеанигорони соҳаи варзиш мубаддал гаштааст.  Албатта, сокинони кишвар мудом аз пирӯзию сарбаландӣ ва муваффақиятҳои ҷолиби номварони варзиши ҷаҳонӣ-собиқ дастпарварон ва муҳассилини имрӯзаи донишкада, чун Зебунисо Рустамова, Андрей Абдувалиев, Сайидмуъмин Раҳимов, Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров, Шералӣ Бозоров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Шералӣ Достиев, Акмалиддин Каримов, Мақсадулло Ҷабборов, Анвар Юнусов, Галина Митяева, Сотиболдӣ Хайитов, Мурод Тӯйчиев, Дилшоду Фарҳод Восиевҳо, Абдурауф Мӯсоев, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода ва бисёр дигарон ифтихор менамоянд, ки дастпарвари донишгоҳанд.

Умуман, дастпарварони донишкада дар қувваозмоиҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз рӯи аксари намудҳои варзишие, ки ҳамчун дастаи мунтахаби Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд, афзалият доранд.

-Имрӯз  дар соҳаи варзиши кишвар чӣ мушкилот мавҷуд аст?

Бо ташаббуси иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат тайи солҳои охир қариб, ки мушкилоти ҷиддие дар соҳа ба назар намерасад. Агар дар муқоиса бо  10-15 соли гузашта натиҷагирӣ намоем, он мушкилоте, ки чун дигар соҳаҳо самти варзишро фаро гирифта буданд, тақрибан аз байн рафтаанд. Бубинед, имрӯз дар дуртарин ноҳияву деҳа як толор ва ё як майдон бунёд гаштааст.

Ин ҷо мехостам ба паҳлуи дигари масъала таваҷҷуҳ кунем. Ин ҳам бошад, то кадом дараҷа сокинони кишвар, бахсус, насли наврасу ҷавонамон аз шароити муҳайёгашта самаранок истифода бурда истодаанд. Имрӯз қариб дар ҳар гӯшаи шаҳр, дар ҳар маҳал майдончаҳои варзишӣ бунёд гардидааст.

Ҳамзамон ба ин, хеле муҳим аст, ки аҳолӣ, бахусус, ҷавонон дар муносибат ба иншооту толору майдонҳои варзиши бунёдшаванда масъулиятшиносона муносибат кунанд.

- Мутахассисони соҳаҳои тиб ва варзиш яке аз воситаҳои муҳими пешгирии бемории сироятии (COVID-19)-ро машғул шудан ба варзиш маънидод менамоянд. Чун мутахассиси соҳа дар ин маврид чӣ андеша доред?

-Тавре илм собит намудааст, яке аз воситаҳои муҳими фаъолгардонию сиҳатии ҷомеа маҳз тавассути варзиш имконпазир мегардад.

Саломатӣ нахуст аз тарзи ҳаёти солим, яъне обутоб ёфтани бадан сарчашма мегирад. Обу тоб додани бадан роҳи маъмул ва маъруфи пешгирии бемориҳо мебошад. Ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шудан  омили асосии солимист. Фаромӯш набояд кард, ки тамринҳои ҳаррӯза, давидан, варзиши сабук шахсро боқуввату рӯҳбаланд мегардонанд. Машқҳои ҷисмонӣ дар ҳама ҳолат фоидаоваранд. Ҳамзамон, хотиррасон бояд кард, ки дар вазъияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ яке аз воситаҳои муҳими мубориза аст. Ба андешаи Синои бузург, «Муҳимтарин чиз дар тартиботи нигоҳ доштани саломатӣ, ин иҷро намудани машқҳои ҷисмонӣ мебошад, баъдан тартиботи хӯрок ва тартиботи хоб».

-Қабули имсолаи довталабонро ба донишкада чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Натиҷаи нақшаи қабули имсола ба донишкада нишон дод, ки  сафи довталабон  афзуда истодааст ва падидаи бисёр ҳам нек аст, ки майлу рағбати ҷавонон сол ба сол ба варзиш, бахсус, ба варзиши касбӣ зиёд мегардад.

 

Мусоҳиб

Мавлон Шарифов,

узви  Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш