Нашрияи Омӯзгор

Исфара: фаъолияти пурбори аҳли маориф

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омодагии ҳамаҷониба дида, дар таъмиру тармими таълимгоҳҳо, бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани хонандагон, захираи ҳезуму ангишт ва ба ин васила, тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони имсола, хариди либоси мактабӣ аз ҷониби волидон ва  ғайра саъю талош мекунанд.

Тавре маълум аст, имсол таҳсил 17 август оғоз меёбад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ ба таъмири мактабҳо барвақттар оғоз намуда, корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расониданд. Аҳли маорифи шаҳри Исфара низ, дар радифи дигар шаҳру навоҳии вилоят муассисаҳои таълимиро ба соли хониши нав омода кардаанд. Дар ин хусус сардори раёсати маорифи шаҳр Бобо Саидзода ба мо иттилоъ дода, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар қаламрави шаҳр 30 муассисаи давлатии  томактабӣ ва 1 Маркази таълимӣ – тарбиявии хусусӣ амал менамояд. Дар назди 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ 79 гурӯҳи марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият мекунанд. Кормандони соҳаи маориф ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 як силсила корҳоро ба анҷом расонида, тайи 3 сол 20 кабинету озмоишгоҳ дар таълимгоҳҳо бо асбобу васоити техникӣ, маводи физикавию химиявӣ таҷҳизонида шуданд. Тибқи  нақша соли ҷорӣ бояд аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ 9 кабинети фаннӣ пурра таҷҳизонида шавад. То ин дам дар мактаби №43 кабинетҳои физикаю биология, муассисаи таҳсилоти умумии  №1 бо дастгирии созмони ЮНИСЕФ кабинетҳои физика, химия ва биология таҷҳизонида шуда, дар назар аст, ки то охири сол дар чор таълимгоҳ кабинети мусиқӣ ва мактаби №25  кабинети география, литсейи №4 кабинети технологияи иттилоотӣ, литсейи №6 кабинети биология ва литсейи №7 кабинетҳои физика ва мусиқӣ бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин гарданд. Ба таъкиди Б.Саидзода, ҷиҳати иҷрои Барномаи компютеркунонӣ аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 69 адад  компютер харидорӣ гардида, шумораи тахтаҳои электронӣ ба 514 адад ва видеопроекторҳо  283 адад мерасад. Дар мактабҳои рақамҳои 1,2 китобхонаи электронӣ ва сомонаҳо таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маориф соли ҷорӣ 182 адад компютери корношоям аз таъмир бароварда шудааст. Оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 сардори раёсат таъкид кард, ки соли ҷорӣ кабинети методии раёсати маориф бо иштироки омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машварат гузаронд, ки дар он омӯзгорони фанҳои мазкур барои беҳтар намудани сифати омӯзиши забонҳои руси ва англисӣ ва тарзу шеваҳои баргузор намудани озмунҳои «Spelling lee» ва  «Муаллими сол» ёрии методӣ гирифтанд. Дар ҳудуди шаҳр барои такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ марказҳои омӯзишии Муассисаи хусусии «Маҳмудова», Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Ҷаҳони боз амал карда истодаанд. Соли равон аз 3336 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 2206 нафар аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Тибқи квотаи Президентӣ бошад, 21 нафар ғолиби озмун ва сазовори номи донишҷӯ гардиданд.

-Фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маориф назаррас буда, дар он шаш гурӯҳи маҳфили химия (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), маҳфилҳои фаннии физика, биология, забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, се гурӯҳ аз фанни математика… ҷамъ 25 гурӯҳ бо фарогирии 242 нафар хонанда ташкил карда шудааст,-мегӯяд Б.Саидзода. Соли равон дар литсейи №1 олимпиадаи байналмилалии CMAS аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он 68 нафар хонанда иштирок намуда, 30 нафар пирӯзӣ ба даст оварданд. Раёсати маорифи шаҳр ба қадрдонию ҳавасмандгардонии омӯзгорон, хусусан, мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, ки бо қарзҳои имтиёзнок таъмин намудани се нафар омӯзгори ҷавон аз ин  қабил маҳсуб меёбад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 72 нафар омӯзгори ҷавон фаъолияти  мекунанд. Дар 85 муассисаи таълимӣ китобхонаҳо мавҷуд мебошад, ки теъдоди умумии китобҳои бадеӣ дар онҳо 173573 нусхаро ташкил медиҳад. Дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар байни таълимгоҳҳои ҳудуди шаҳр аз ҷониби раёсати маориф озмуни «Китобхони беҳтарин» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин озмун 99 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзгорон ғолиб омаданд. Дар хусуси бунёду азнавсозии биноҳои мактабҳо сардори раёсат иттилоъ дод, ки бо иқдоми омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Рисолат Яҳёева бунёди кӯдакистони хусусӣ  вусъат ёфта, феълан ошёнаҳои якум ва дуюми бинои ин муассиса сохта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда бо суръат идома дорад. Бад-ин тариқ, бо маблағгузории сафорати ИМА дар мактаби №31, воқеъ дар деҳаи Навгилем бинои нави таълимӣ барои 240 нафар сохтаву ба истифода дода шуда, сохтмони мактаби нав барои 360 ҷойи нишаст бо толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон дар маҳаллаи Сангтӯда аз ҳисоби буҷаи вилоят дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бунёди мактаби нав барои 1150 ҷойи нишаст дар маҳаллаҳои навбунёди мавзеи Моҳпарӣ бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оғоз гардида, сохтмони як бинои  таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст анҷом ёфтааст. Дар се  муассисаи таълимӣ сохтмони нуҳ синфхонаи иловагӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, падару модарон бо усули ҳашар давом дорад. Аз ҷумла, дар мактабҳои №№66 (2 синфхонаи иловагӣ), №72 (2 синфхонаи иловагӣ), №55 (8 синфхонаи иловагӣ), №36 (2 синфхонаи компютерӣ, толори фарҳангӣ, устохонаи таълимӣ) сохта шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Инчунин, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар ҳамкорӣ бо бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмад ва бо маблағгузории созмони Салиби Сурх майдончаи хурди замонавии футбол сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№18, 46, 43 сохтмони майдонҳои замонавии футбол ба анҷом расонида шудааст. Чунин майдонҳои варзишии футбол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 42, 12, 32 сохтаву ба истифода дода шудааст.

- Соли 2018 аз тарафи раҳбарияти вилоят дастур дода шуда буд, ки таъмири бинои садамавии мактаби №23-и деҳаи Ворух бо ёрию дастгирии соҳибкорон ба роҳ монда шавад,-мегӯяд Б.Саидзода. Аз ҳисоби буҷети вилоят як бинои нави таълимӣ дар мактаби зикршуда барои 240 ҷойи нишаст бо арзиши лоиҳавии 2 млн 740 ҳазор сомонӣ бунёд карда шуд Ҳамчунин, сохтмони толори варзишӣ дар мактаби №24-и Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҳисоби буҷети вилоят ба итмом расид.

Ҳамин тавр, дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№9, 20, 23, 28, 33, 44, 50, 52, 56, 59, 64 ва кӯдакистони №3 аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ идома ёфта, як силсила корҳои сохтмонӣ ба сомон расонда шудааст. Бо дастгирии соҳибкорон ва кумитаи падару модарон таъмири мактабҳои №№44, 56, 20, 33, 23 ва муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ – кӯдакистони №2  ба анҷом расида, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Кӯлканд аз тарафи соҳибкор Абдуваққос Нишонов кӯдакистони хусусӣ барои 150 ҷой соли равон сохта ба  истифода дода шуд. Аз ҷониби соҳибкори ватандӯст А.Нишонов дар маҳаллаи Зебунисои шаҳр сохтмони кӯдакистон барои 100 ҷойи нишаст идома дорад. Чунин иқдомҳо аз ҷониби соҳибкор Парвиз Каримов дар деҳаи Чоркӯҳ  вусъат ёфта, мавсуф дар сохтмони кӯдакистони хусусии замонавӣ барои 100 ҷойи нишаст ва соҳибкорони маҳаллӣ И.Улмасов  ва Н.Ӯлмасов дар бунёди бинои нави мактаби байналмилалии хусусии «Ориёно» барои 800 ҷойи нишаст саҳм гузошта истодаанд.

Сардори раёсати маориф Б.Саидзода дар масъалаи тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ қайд намуд, ки аллакай интиқоли ангишт аз кони «Шӯроб» ба муассисаҳои таълимӣ шурӯъ гардида, нақшаи захираи ангишт ва ҳезум сари вақт иҷро хоҳад шуд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш