Нашрияи Омӯзгор

Курсҳои такмили ихтисос ва сифати таълим

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар заминаи муассисаҳои таълимии баъзе ҷамоатҳои деҳот марказҳои рушди барвақтии кӯдак таъсис ёфтанд. Шумораи чунин марказҳо дар вилоят 283 ададро ташкил медиҳад ва дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ 27 адади дигар таъсис дода хоҳад шуд.  Ғарибшо Ғарибшоев, сардори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилоят иброз дошт, ки дар нимсолаи аввал аз ҷониби кормандони донишкада 12 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои илмӣ-методии ҷумҳурӣ чоп  шуданд. Ҳамзамон, панҷ нафар корманди филиали донишкада давоми нуҳ рӯз дар шаҳри Душанбе аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификат гардиданд.

Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш