Нашрияи Омӯзгор

Ҷалби беш аз 7 ҳазор хонанда ба маҳфилҳо

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Нишасти матбуотии сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода бо ширкати 30 нафар намояндаи воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

        Дар он оид ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли маорифи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 ва тараддудҳои имрӯзаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан  рафт.

Рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла, раванди  омодагӣ ба соли нави таҳсил,  тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии COVID -19, пардохти  маош ва кумакпулиҳо ба  омӯзгорон дар ин давра, теъдоди медалҳои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, таъминоти хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, омодагӣ ба давраи  тирамоҳ ва зимистонгузаронӣ, содиршавӣ ва пешгирии ҷиноят дар байни мактабиён, раванди иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муассисаҳои таълимии вилоят посухҳои мушаххас гирифтанд.

О.Каримзода зикр намуд, ки 15 нафар хатмкунанда ба дарёфти медалҳои тилло ва нуқра сазовор гардиданд.

Дар иртибот ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус аҳли маорифи вилоят дар давраи таътил бетарафӣ зоҳир накарда, чанд иқдоми шоистаро пеш гирифтанд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят тариқи онлайн  фаъолияти 128 маҳфили фосилавии ҳунарҳои мардумӣ, техникӣ ва табиатдӯстон роҳандозӣ гардида,  ба он беш аз 7 ҳазор хонанда ҷалб гардид. Ҳамчунин, озмунҳои фосилавии вилоятӣ, аз қабили “ Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам”, “Тозагӣ – гарави саломатӣ”, “Ваҳдат – кафили сулҳ”баргузор гардиданд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш