Нашрияи Омӯзгор

Арзишҳои меҳварии ташаккули шахсият ва миллат

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Худшиносӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию илмӣ яке аз масъалаҳои муҳимми илмҳои  инсоншиносӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад. Ба ташаккули хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ омилҳои зиёде таъсири манфӣ расонида метавонанд.

Хусусиятҳои манфии одамон, ба монанди худпарастӣ, манфиатҷӯйӣ, бадхашмии беасос, муносибати беэҳтиромона нисбат ба давлату Ватан ва ниҳодҳои иҷтимоӣ дар вуҷуди  фардҳо эҳсоси бегонапарастиро вусъат мебахшад.

Дар шароити давлати соҳибистиқлол то кадом дараҷа хештаншинос будан ва сатҳи ҳувияти миллии баланд доштани ҳар як шаҳрванд барои тақдири давлату миллат аҳамияти калон дорад.

Ин мафҳумҳо танҳо дар якҷоягӣ бо мафҳумҳои ватан, давлат ва миллат маънӣ  пайдо мекунанд ва шаклан дар якҷоягӣ ташаккул меёбанд.

Шуур дар ташаккули худшиносӣ нақши ҳалкунанда дорад. Шояд муҳаққиқон вақти омӯзиши сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъсири манфии онро ба худшиносии миллӣ омӯзанд ва сабақҳое боз ҳам саҳеҳтар барои миллат пешниҳод намоянд. Ин ҷанг ба рӯҳу равони миллат ва ба маънавиёти одамон зарари зиёде расонид, аммо чунин падидаҳо ба ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти миллат (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию фарҳангӣ) такон мебахшанд ва маҷрои нави онро муайян месозанд. Ҳама гуна рӯйдодҳои олами имрӯз ба рӯҳу равони (психикаи) инсон таъсири калоне доранд. Мутаассифона,  дар баъзе мавридҳо таъсири манфии он бештар аст. Ҳаводиси рӯзгор (ба мисли COVID–19) дар давлатҳои гуногун исботи ин гуфтаҳост. Чи ҷанги шаҳрвандӣ ва чи хатари COVID-19 ба торҳои асабу эҳсосоти одамон нохун зада, худҷӯйии инсонҳоро фаъол мегардонанд ва агар роҳи дуруст интихоб нашавад, ин худҷӯйӣ фардҳоро ба як роҳи сарбаста мебарад ...

Дар давраҳои ҳассосу душвори сиёсӣ тамоми неруҳои рӯҳии инсон фаъол мегарданд. Дар давлату ҷомеа зиндагӣ намуда,  аз сиёсати давлат берун будан ё мувофиқ ба талаботи расмии ҷомеа назистан,  имкон надорад.

Мутобиқи таърифи Самуел Хантингтон, худшиносӣ худро дарк кардани шахс ё гурӯҳ аст, ки дар раванди он шахс ва ё гурӯҳ хосиятҳои муҳимми худро идрок намуда, худро аз шумо ва моро аз дигарон тафовут мегузорад. Худшиносӣ чаҳор аломати асосӣ дорад:

– он ба шахсони алоҳида ва гурӯҳи одамон хос аст;

– дорои хосияти тартибдиҳӣ ва созандагист;

–таҷассуми хосиятҳои зиёди худшиносӣ дар ашхос,  аз қабили навъҳои нажодӣ, ҳудудӣ, иқтисодӣ,  фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ;

–он таъмини муносибати «бо худ будан»-ро ифода мекунад.

Донишмандони тоҷик раванди рушду тавсеаи худшиносии миллии муосири тоҷиконро ба 5 марҳала даврабандӣ намудаанд:

1.Ташаккул ёфтани равандҳои демократӣ дар солҳои 90-уми асри XX ва пазируфта шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ.

2. Ба даст овардани истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон ва густариши озодии виҷдон.

3. Зинда кардани ҳофизаи  таърихӣ, хусусан, таваҷҷуҳ ба мероси таърихӣ ҳамчун воситаи худшиносии миллӣ ва заминаи бунёди давлати миллӣ.

4. Консепсияи Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили мутта-ҳидкунандаи мардуми Тоҷи-кистон.

5. Баҳамоии худшиносии миллӣ ва худшиносии динӣ.

Тӯли таърих борҳо шудааст, ки худшиносии маънавиасос миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидааст. Агар миллат ва фардҳои он маърифати таърихии маънавиасос дошта бошанд, бо донишу илмҳои пешқадами замон мусаллаҳ гарданд, пас ин гуна миллат аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои мушкил баромада метавонад. Фаромӯш набояд кард, ки маънавиёт шаҳсутуни худшиносист.

Солҳои аввали соҳибистиқ-лолии Тоҷикистон хусумату муноқишаҳо ба ҳадде расида буд, ки аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо ба маротиб  беш гашт. Фарзандон дар оилаҳои нопурра ба воя мерасиданд, мушкилоти рӯзгор ба хулқу атворашон таъсири бад мерасонид. Дар пояи хусумати оилавӣ ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории фарзандон авҷ мегирифт. Барои беҳбуд бахшидан ба вазъи номусоид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ро «Соли оила» эълон кард. “Оилаи устувор–давлати устувор” мегӯянд. Маҳз дар муҳити хонавода алифбои худшиносӣ дар зеҳни фарзанд ҷой дода мешавад. Ҳастанд оилаҳои солиму дорои анъанаҳои хуби хонаводагӣ, ки дар асоси эҳтиром бо ҳам муомила менамоянд. Пайванди равонию маънавӣ ва  маърифатӣ ба модару падар, хешу табор, ёру дӯстон ин сутунест, ки дар тафаккури фарзанд эҳсоси худшиносӣ ва ҳувияти миллиро тақвият мебахшад. Худшиносии шахс ё ҷомеа бе хотираи таърихӣ ташаккул намеёбад. Муҳите, ки мо дар он таваллуд шудаем, камол меёбем,  ин муҳит рӯҳу равони моро шакл медиҳад. Берун аз ин муҳит рӯҳу равони мо ором намегирад, муҳити дигар бароямон носозгор аст ва худро роҳат эҳсос намекунем. Ҳар миллат вижагиҳои худро дорад ва мо, тоҷикон, низ истисно нестем. Моро зарур аст, ки хешро амиқу аниқ шиносем, анъана, урфу одат ҷашну маросимҳоямонро эҳтиром намоем. 

Имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки дар масъалаҳои усулии миллӣ, дар мавриди арзишҳои аслии фарҳангию эътиқодию сиёсӣ, давлатдорӣ ва дар мавзӯъҳои стратегии рушди ҷомеа ҳамаи неруҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба як мувофиқаи бунёдӣ бирасанд.

 

Зубайдулло Давлатов,

сардори раёсати таъминоти иттилоотии  Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш