Нашрияи Омӯзгор

Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Ректори донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб А. Ниёзов зимни нишасти матбуотӣ  иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2019 -2020 дар донишкада 4 ихтисоси нав: меъмории манзаравӣ, заминсозӣ, химия (фаъолияти дорусозӣ ва биохимияи тиббӣ) кушода шуд. Ҳамчунин, дар бинои нави донишкада ду озмоишгоҳи нав дар назди факултаи муштараки  тоҷикӣ-россиягӣ ба фаъолият оғоз намуд. Бори аввал  маъмурияти донишкада бо 25 муассисаи олии касбии Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Айни ҳол 1000 нафар донишҷӯ тибқи роҳхати донишкада дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Миқдори умумии ҳайати профессорону устодон 280 нафар аст, ки аз онҳо 8 доктори илм, 25  номзади илм мебошанд. 

Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавон роҳбарияти донишкада ба 43 корхона ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ҳамкорӣ дорад. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар майдони 2 га аз заминҳои мавзеи Чилдухтарон доир ба ташкил намудани маркази таълимӣ, тренинги сайёҳӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ҷудо карда шуд, ки дар он корҳои ташкилӣ оғоз шудааст. Мушкилоте, ки маъмурияти донишкадаро ба ташвиш овардааст, нақшаи қабули донишҷӯён мебошад. Сол то сол нақшаи қабули донишҷӯён ба донишкада коҳиш меёбад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш