Нашрияи Омӯзгор

Ҷелондеҳ – таҷрибагоҳи илмӣ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ба гуфти Шермамад Ҷонмамадов,  ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, соли ҷорӣ наздики 1000 нафар донишгоҳро хатм намуданд, ки аз инҳо 676 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 271 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекарданд. Аз 296 нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорие, ки тариқи буҷавӣ таҳсил мекарданд, 96 нафар тибқи квотаи  Президентӣ ва 133 хатмкунандаи дигар мувофиқи дархост ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шуданд. Мутаассифона, ба сабаби набудани дархости иловагӣ 139 нафар хатмкардаи равияи омӯзгорӣ бе тақсимот монданд.

Феълан барои соли 2020 нақшаи қабул 1623 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1141 нафар ба шуъбаи рӯзона ва 389 нафар дар шуъбаи ғоибона рост меояд. Ш.Ҷонмамадов  иброз дошт, ки ҳамасола ҷойҳои буҷавӣ 100 фоиз пур мешаванд ва мушкилоти асосӣ дар қисми шартномавӣ аст. Бо дарназардошти он, ки имсол 4 654 нафар довталаб донишгоҳро интихоб карданд, вазъи қабули донишҷӯён ба шуъбаҳои шартномавӣ ҳам нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардидааст. Дар донишгоҳ 54 номзад ва 12 доктори илм фаъолият мекунанд.

Аз ҳисоби грантҳо, ки тавассути ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ ба даст омаданд, дар мавзеи Ҷелондеҳ сохтмони як гармхонаи замонавӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ идома дорад. Инчунин, барои ихтисоси геология лабораторияи махсус, ба маблағи 100 ҳазор доллар ташкил гардида, бо ба эътидол омадани вазъ он мавриди баҳрабардорӣ  қарор мегирад.

 

С. Ҷанобалишо


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш