Нашрияи Омӯзгор

Ҳавасмандӣ ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар соли хониши 2017/2018 омӯзгорони технология (таълими меҳнат) якҷоя бо ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим рӯ оварданд.

Аз ҷониби мутахассисону олимони соҳаи педагогикаи зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи таълимии зарурӣ оид ба ин самти таълиму тарбия омода шуда, дастраси омӯзгорон гардидаанд. Баҳри ҳавасманд намудани хонандагон ба касбу ҳунарҳои миллӣ ба омӯзгори технология зарур аст, ки машғулиятҳои худро таҷдиди назар намуда, методу усулҳои муосирро фаровон истифода намояд. Мақсади дарс ҳамон вақт амалӣ мегардад, ки агар дарс оғози ҷолиб дошта бошад ва хонандагон ба машғулият ҳавасманд гарданд. Бинобар ин, ба омӯзгор зарур аст, ки ба саволу супоришҳои оғози дарс диққати махсус дода, методу усулҳои гуногуни ҷолибро истифода намояд. Намунаеро барои оғози дарс пешниҳод намоем.

Синфи 8

Мавзӯъ: Боби 8. Касбу ҳунарҳои миллӣ. Ҷулоҳӣ.

Метод: блитс-пурсиш

Марҳилаи дарс: оғоз.

Мавод: китоби дарсӣ.

Раванди дарс:

1. Лаҳзаи ташкили дарс.

2. Пурсиши вазифаи хонагӣ.

3. Оғози дарс.

Саволҳо:

1. Аз бобову бибикалонҳои мо кадом касбу ҳунарҳои миллӣ то ба мо омада расиданд?

2. Чаро баъзеи онҳо то ба замони мо расидаанду дигаре не?

3. Касбу ҳунарҳои миллии мардуми худро пос доштан лозим аст ё на? Чаро?

Бо истифода аз чунин тартиб омӯзгори кордон метавонад дарси худро бо шаклҳои гуногун ва пурмуҳтаво ташкил намояд. Муҳим он аст, ки ӯ барои дар амал татбиқ намудани донишҳои шогирдон муваффақ гардад.

Амрулло ВАТАНОВ,

ходими илмии шуъбаи педагогика, психология ва таҳсилоти фарогири Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони

Ҷомии АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш