Нашрияи Омӯзгор

Вусъати сохтмони иншооти таълимӣ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Дар нимсолаи аввали соли 2020 аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  муассисаи таҳсилоти умумии рақами 17-и деҳаи Спинзи ноҳияи Шуғнон бо маблағи 900 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт. 

Айни ҳол сохтмони кӯдакистон барои 100 нафар ҷой бо маблағи 2 миллиону 260 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Хоруғ, муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ барои 200 нафар кӯдак ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар маркази ноҳияи Рӯшон бо маблағи 16,5 миллион сомонӣ  ва сохтмони бинои якуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 бомаром идома дорад. Дар вилоят 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2100 кӯдак фаъолият доранд. Инчунин, дар 283 маркази рушди барвақтии кӯдак 6 455 кӯдак фаро гирифта шудаанд. Фарогирии кӯдакон аз синни 3 то 6-сола дар вилоят  41, 2 фоизро ташкил медиҳад.

 

Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш