Нашрияи Омӯзгор

16 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардид

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотӣ директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Рауф Олимӣ зикр кард, ки таҳсил дар донишкада бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 35 нафар олиму омӯзгор дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд.

Донишкада бо беш аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад, ки дар он донишҷӯён ва магистрантон дар давоми таҳсил аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Дар солҳои  2019-2020 16 нафар омӯзгор рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар устод рисолаи доктории  хешро бомуваффақият ҳимоя намуданд.  Аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон дар соли ҷорӣ 11 монография, 6 китоби дарсӣ ва 16 маҷмӯаи таълимӣ-методӣ ба табъ расиданд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш