Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти пурсамар

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

- Барои филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе  шаш моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ самарабахш буд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори  иҷроияи он Сайъало Мирзоев. – Дар ин давра гузаштан аз   стандартҳои нави давлатии федералии таҳсилот (3 ++), тавсияи хатмкунандагон ба магистратура,   иштирок дар конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, нашри корҳои илмӣ – татқиқотӣ, дипломҳо ва медалҳои олимпиадаҳои сатҳашон гуногун ва монанди ин аз ҷумлаи комёбиҳост. 

Бино ба иттилои директори иҷроия, дар факултаи илмҳои табиӣ мутахассисон аз рӯйи самтҳои  математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва  механикаи  мавод, геология, дар факултаи гуманитарӣ   аз рӯйи се самт - идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва лингвистика мутахассисон    тайёр карда мешаванд. Дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавии муассисаи мазкур 456 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.

С. Мирзоев,  ҳамчунин,  иброз дошт, ки дар давоми сол филиал бо ташкилоту корхонаҳои ҶСК «Ориёнбонк», ТАЛКО «Чемикал»,   Бонки миллии Тотористон, ҶСК «Амонатбонк», корхонаи истихроҷи тиллои Тоҷикистону Хитой – «Пакрут», сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе     ва ғайра таҷрибаомӯзии  шогирдонро ба роҳ монд.

- Яке аз самтҳои   дигари фаъолияти  филиал таваҷҷуҳ кардан ба корҳои илмӣ – тадқиқотии донишҷӯён аст, - гуфт С. Мирзоев. - Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида беш аз ҳаштод нафар донишҷӯйи равияҳои химия, физика, ва механикаи мавод  корҳои илмӣ - тадқиқотиро иҷро карданд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш