Миралӣ Достизода - ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки консерватория аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилоти олиест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи мусиқии касбиро тарбия менамояд. Он тамоми фаъолияти худро барои беҳтар намудани сифати таълим, таҳия ва татбиқи стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмӣ – методӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон ва дарёфти истеъдодҳои санъати мусиқӣ равона кардааст. Таҳсил аз рӯйи низоми муқаррарӣ ва кредитӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯйи 13 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.
Консерватория ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шогирдони худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, - гуфт М. Достизода. – Шогирдон пас аз хатм дар аксари муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва фарҳанги Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар соли таҳсили 2019 – 2020 консерваторияро ҳафтод нафар хатм намуданд. Мувофиқи дархостҳои воридгардида хатмкардагон ба оркестри симфониии назди Президенти ҶТ, Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, муассисаҳои давлатии томактабӣ, мактабҳои мусиқӣ ва бахшҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо ба кор фиристода шуданд.
Ректор иттилоъ дод, ки шогирдони консерватория дар ҳамаи ҷашну маҳфилҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд. Вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр