Нашрияи Омӯзгор

Аттестатсияи 16 муассисаи таълимӣ дар 6 моҳ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд,-гуфт дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур директори он Шоҳин Саидзода ва афзуд, ки агентӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба иҷро расонид.

Аз ҷумла, ба 12 қонуни соҳавӣ лоиҳаҳои қарори Ҳукумати кишварро дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо таҳия ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намуд. Ш.Саидзода изҳор дошт, ки агентӣ ҳамчун ниҳоди нави назоратӣ дар соҳаи маориф ва илм ҷиҳати амалисозии сиёсати давлат дар ин самт фаъолият намуда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи  маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат менамояд. Тибқи тартиби муқарраргардида, пойгоҳи моддию техникӣ, илмӣ ва педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилотҳои илмии ҷумҳуриро омӯхта, барои додани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯйи ихтисоси магистратура, интернатура, ординатура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура, посдокторантура ва доктор-ҳабилитат қарор қабул менамояд. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ, иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии давлатии мақоми маҳаллидошта ва санҷишҳои сатҳи сифати таҳсилот зарурати таъсис додани раёсат ва шуъбаҳои агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш омадаю дар зарфи ним соли фаъолият аз ҷониби агентӣ барномаҳои аттестатсионӣ ва аккредитатсионӣ, дасту-рамалҳои вазифавӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ омода гардид. Дар ин муддат тибқи нақшаи корӣ аттестатсияи 35 муассисаи таълимӣ пешбинӣ шуда буд, ки аз он 16 муассиса аз аттестатсия гузаронида шуд. Яке аз самтҳои фаъолияти агентӣ иҷозатномадиҳӣ маҳсуб ёфта, вобаста ба ин, дар нимсолаи аввал 20 муроҷиати муассисаҳо ҷиҳати дарёфти иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият мавриди ташхис қарор дода шуд. Ш.Саидзода зикр намуд, ки ҷиҳати муайян кардани сатҳи сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирадвсӣ, Сино ва якчанд литсейю коллеҷи ҷумҳурӣ арзёбии сатҳи сифати таҳсилот  гузаронида шуд. Яке аз шаклҳои дигари хизматрасонӣ дар фаъолияти агентӣ эътироф ва муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ ба ҳисоб рафта, дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ 659 ҳуҷҷату аснод (диплом, аттестат, маълумотномаи академӣ ва табели баҳоҳо) ва 6 мактуб ворид гардид ва онҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳаллу фасл карда шуданд.

Ш. Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш