Нашрияи Омӯзгор

Дармана – гиёҳи шифобахш

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Дармана ё тахач растании бис-ёрсола ва аз оилаи мураккабгулҳо буда, дар худ бӯи махсус ва тамъи ниҳоят талх ё тунд дорад. Пояаш бо баргҳои сабзи нуқрагин пӯшида шудааст.

Гулаш найчашакли хурд  ва рангаш зард аст. Баландии қадаш то ба 2 метр мерасад. Дармана каму беш растании заҳрнок низ ба ҳисоб меравад ва аз он ҳайвонҳо мегурезанд. Дар дунё зиёда аз 400 намуди он вуҷуд дорад. Аз ҳама намудҳои паҳншудааш дарманаи талх, дарманаи лимон, дарманаи дарахт ё папоротникшакл, дарманаи австриягӣ, дарманаи баҳрӣ, дарманаи каҳрабоӣ мебошанд. Аз сабаби дар биёбону даштҳо бисёр вох&рданаш дарманаро маликаи биёбон низ мегӯянд. Дармана аслан ба гурӯҳи растаниҳои шифобахш дохил мешавад. Аз ҳама  гиёҳи шифобахш дар байни намояндагони оилаи дармана ин дарманаи талх мебошад. Намуди берунии нимбуттаи растании дармана ранги хокии нуқрагин дорад. Барои табобат гул, барг ва решаи онро истифода мебаранд. Таркиби химиявии дармана аз моддаҳои  талх ва равғани эфир иборат буда, инчунин, гликозитҳо, абсинтин, сафеда ва кислотаҳои  органикии дикарбонат низ дорад. Равғани эфири таркиби дармана қобилияти шифобахшӣ ба муқобили шамолхӯрӣ ва варамгардониро дорад. Инчунин, ҳосилшавии фагоситҳоро дар таркиби хун ба танзим дароварда, масунияти (иммунитет) одамро баланд мебардорад. Таркиби дармана ё тахач моддаҳои  оромкунанда ва рӯҳафзо дорад, ки ҳангоми ҳолатҳои  бехобӣ, рӯҳафтодагӣ  ва ҳаяҷон истифода кардан мумкин аст. Обҷӯши барг ва решаи онро ҳангоми асабоният ва тундмизоҷӣ истифода кардан мумкин аст. Дармана ё тахач растании занона ба ҳисоб рафта, аз қадим барои бемориҳои  занона, махсусан, ҳангоми дард дар қисми поёни шикам истифода мешуд. Дармана ё тахач барои полоидани гулӯ, захми фасоднок, омос ва варами пӯст муфид аст. Инчунин, дарманаро бар зидди муфтхӯрон (паразитҳо), гелминтҳо ва кирмҳои  паҳн ва лундаи муфтхӯр истифода мекунанд. Истифодаи дармана ё тахач барои беморони илтиҳоби меъда, пастшавии туршии меъда ва ҳамчун талхарон истифода мешавад. Дар умум дармана ё тахачро барои бемориҳои  тарбод, бехобӣ, дарди меъда, кирмҳои  муфтхӯри бадан, бемории сил ва латхӯрии буғумҳо истифода мебаранд.

Идибек АҲРОРОВ,

корманди ПРМ ба номи

Абдураҳмони Ҷомӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш