Нашрияи Омӯзгор

Х. Икромӣ: Тақсимоти такрорӣ баргузор мегардад

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

3 августи соли равон директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аз 10 то 13 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад.

Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки интихоби дурусти худро ба роҳ монанд. Зеро дар давраи озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи баллҳои бадастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад. Марказ  ба довталабон имконият медиҳад, ки аз ихтисосҳои сеюм, чорум ва панҷум ба ихтисосҳои якум гузаранд. Зеро дар бештари ихтисосҳои якум ҷойҳои холӣ мавҷуд мебошанд.

Хуршед Икромӣ гуфт, ки «имсол тибқи тақсимот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ нақшаи қабул 86 фоиз ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 51 фоиз иҷро гардид. Иҷрои нақшаи қабул аз интихоб вобастагӣ дорад».

- Марҳалаи асосии бақай-дгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2020 аз 2-юми март то 30-юми апрел ва марҳалаи иловагии он аз 15-ум то 30-юми июн сурат гирифт. Инчунин, барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) худро номнавис карда буданду интихобҳои аввалии худро иваз кардан мехостанд, ду марҳалаи азнавбақайдгирӣ – марҳалаи асосӣ дар моҳи апрел (аз 16-ум то 30-юм) ва марҳалаи иловагӣ дар моҳи июн (аз 15-ум то 30-юм) ба роҳ монда шуд. Лозим ба зикр аст, ки бинобар вазъи баамаломада дар робита бо пандемияи COVID-19 марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, ки солҳои пеш дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешуд, инчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб низ баргузор карда шуд.

Дар ду марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар  ИМД дар соли 2020-ум дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 100398 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, – гуфт директори марказ.

Шумораи бештари довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба нақшаи қабул, чун дар ИМД-и соли 2019-ум, ба гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) рост меояд, ки он ба 168,75% баробар аст. Тибқи ин нишондиҳанда соли ҷорӣ, чун дар ИМД-и соли 2019-ум, гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) бо 167,23%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Шумораи камтарини довталабон ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 80,51%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст. Ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) бо 102,93 %-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ  баробар аст.

Лозим ба зикр аст, ки бо вуҷуди корҳои зиёди анҷомдодаи марказ барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои гурӯҳи табиию техникӣ, бештари довталабон соли ҷорӣ низ ба ихтисосҳои гурӯҳи 4-ум ва 5-ум майл доштанд.

Марказ барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор кардани имтиҳонҳо бо вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ карда, корҳои заруриро ба анҷом расонид ва марказҳои имтиҳониро бо шароити зарурӣ таъмин ва барои баргузории ИМД омода намуд. Дар доираи масъалаҳои дахлдор марказ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкориҳо анҷом дод.

Инчунин, барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо, ба ғайр аз кормандони асосии Марказ, беш аз 2350 нафар корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шуда буд, ҷалб карда шуданд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот, 120 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона гардиданд.

Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ вобаста ба раванди имтиҳонҳо ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст. Барои он марказ тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин намуд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш