Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар академия Энсиклопедияи хидмати давлатӣ чоп мешавад. Омодасозӣ ва тадвину таҳрири он аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ сурат мегирад. Дар назди пажӯҳишгоҳи мазкур 4 марказ фаъолият мекунад, ки ба пажӯҳиши масъалаҳои таҳлил ва тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ, масоили муҳоҷират машғуланд.
- Ҳамчунин, дар муассиса ба татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ”Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бо ин мақсад, дар ҳамаи ошёнаҳо таҷҳизоти тақсимкунандаи интернет насб гардида, устодону донишҷӯён шабонарӯзӣ ба интернети озод дастрасӣ доранд, - афзуд А. Ғафурзода.
Академияи мазкур муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, сохтори он аз 2 пажӯҳишгоҳ, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», 6 раёсат, 3 факулта, 16 кафедра, шуъбаи магистратура, китобхонаи илмӣ, бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона ва парки технологӣ иборат мебошад. Дар Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо грантҳои давлатӣ роҳандозӣ мешаванд. Аз тарафи ин марказ ҷилди 1 ва 2-и китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалахои ташаккул ва рушд» нашр гардида, ҷилдҳои 3 ва 4-и китоб ба чоп омода мешавад. Фаъолияти раёсати робитаҳои байналмилалӣ низ чашмгир буда, дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хоирҷи кишвар, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конфронсҳои илмию байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр