Нашрияи Омӯзгор

Эҳсонкориҳои табиат

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Имрӯз вақти он расидааст, ки дар кишварамон як муассисаи бузурги таълимӣ вобаста ба туризм тайёр карда шавад, то ин ки дар он ихтисосҳои гуногунро таълим диҳанд. Баъзе ихтисосҳои туризм дар мактабҳои олии   кишвар вуҷуд доранд, вале агар онҳо муттаҳид мегаштанд, он гоҳ дар бисёр корҳо боз ҳам муваффақиятҳо ба даст меомад. Хатҳои сайру сайёҳие, ки пеш ва айни ҳол дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ба мисли “Шоми Душанбе”, “Душанбе – Қалъаи Ҳисор”, “Душанбе – дараи Варзоб (Сафеддара)” эҳё ва ҷоннок карда, самти экскурсионӣ ба сайёҳони хориҷӣ тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ намоиш дода шаванд, зеро ин боиси беҳтар гардидани соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ мегардад. Агар саёҳат ва экскурсияҳо барои тарбиятгирандагони кӯдакистон, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои туристӣ ва ё таълимгоҳҳо тавассути нақлиёти зарурӣ ба роҳ монда шаванд, боз ҳам хубтар мебуд.

Аз ҷониби Роҳбари давлатамон солҳои 2019-2021 - солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Акнун аҳолиро мебояд дар назди ҳар меҳмонхонаю муассисаҳои истироҳатию фароғатӣ, сайёҳӣ нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои дастии мардумӣ ва миллӣ барои ҳадя ва хотирот таъсис дода шаванд. Байни донишҷӯён риштаи туризм ва меҳмоннавозии муассисаҳои таълимии кишвар оид ба тайёр кардани хатсайрҳои сайёҳӣ ва дигар намудҳои фаъолияту машғулиятҳои саёҳатӣ озмунҳо ташкил кардан ба манфиат аст. Агар барои ҳавасманднамоии муассисаҳои соҳаи туризм ва меҳмонпазироӣ дар самти хизматрасонии беҳтарин, муассисаи беҳтарин, меҳмонхонаи хубтарин, ширкати туристии сермизоҷтарин, тарабхонаи олӣ, осоишгоҳи туристии хуштарин ва вобаста ба хусусиятҳои дигар мукофотҳои давлатӣ таъйин карда шавад, сатҳи туризм боз ҳам рушд меёбад.

Имрӯз дар кишварамон зиёда аз 188 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо 125 иншооти туристӣ ва дорои самти санаторию истироҳатӣ, 60 меҳмонхона ва 10-осоишгоҳ, ҳамчунин, муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои махсусгардонидашудаи савдо, боғҳою мамнӯъгоҳҳои табиӣ, тарабхонаҳо, минтақаҳои истироҳатӣ, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои туристӣ ва ғайра мавҷуданд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки барои рушди туризми кишварамон монеаҳо дучор месозад, ин набудани ширкатҳои туристии давлатианд. Аз ин рӯ, мо, мутахасисони ҷавони ин соҳа мехоҳем, ширкатҳои туристии давлатӣ зиёд гарданд. Ин баробари афзудани буҷети давлат дар таъмини шаҳрвандон ба ҷойи кор имконияти мусоидро фароҳам меорад.

Замир НИЁЗОВ,

омӯзгори мактаби №59,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш