Нашрияи Омӯзгор

Олам сухани Камол гирифт

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 878        Шарҳ: 0

 

Камоли Хуҷандӣ аз бузургони адабиёти форсу тоҷик аст, ки бо назми диловези худ шуҳраи офоқ гардида, номи Хуҷанду хуҷандиёнро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Хоҷа Камол чун устоди ғазал дар инкишоф ва такомули ин жанри адабӣ хизмати сазовор карда, онро ба пояҳои боз ҳам баландтар бардоштааст.

Шоири ватандӯст дар ашъори худ зодгоҳи азизашро васф намуда, аз хуҷандӣ будани худ фахр дорад:

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол,

Бовар намекунанд, ки гӯям:  хуҷандиям.

 Камол шоири нозукбаёну хуштабъ аст. Вай аз ҷумлаи шоирони ориф буда, ашъораш дорои афкори тасаввуфист. Ҳар як байти ӯ мазмуни баланд ва маънии бикр дорад. Дар ғазалҳои дилошӯби хеш Хоҷаи хушбаён баҳри ибрози андешаҳои ҳакимонаву орифона аз санъатҳои бадеӣ, бахусус, аз санъати талмеҳ фаровон истифода намудааст. Ишораҳо ба Ҳазрати Хизр, Исо, сӯзани Исо, Масеҳо, Искандар, садди Искандар, ҳавзи Кавсар ва ғайра дар ғазалҳои ӯ фаровон ба чашм мерасад:

Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест,

Аз илм мурод ҷуз амал нест.

Кафши Хизиру асои Мӯсо

Шоистаи дасту пои шал нест.

Камол аз ташбеҳу истиора, муболиға, тазодду таҷнис, иҳом ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ нодиракорона истифода намуда, ашъори худро латифу нозук гардонидааст. Қофияву радифҳои дилнишин дар якҷоягӣ бо саноеи бадеӣ ҳусни олии ғазалро ба вуҷуд оварда, ба либоси анъанавии сухан рангу ҷилои тоза бахшидаанд. Масалан, дар ғазали зер радифи “наздик аст” бо санъатҳои талмеҳ, тавсиф, таҷнис якҷоя омада, симои маҳбубаро барҷастатар тасвир кардааст:

Хатат чу Хизр ба оби ҳаёт наздик аст,

Ба он лабони чу шаккар набот наздик аст.

Зи хоки пойи ту сарсабзияст дилҳоро,

Ба ин сухан сари зулфи дутот наздик аст.

 Нишони кавсару тӯбо, ки медиҳанд аз дур,

Ба чашми мову қади дилработ наздик аст.

Ҳикояти дили пурхуни мо мапурс аз ҷом,

Ки пеши лаъли лаби  ҷонфазот наздик аст.

Ба рух чӣ гуна наронам пиёдаҳои сиришк,

Чунин, ки шоҳи дил аз ғам ба мот наздик аст.

Камол ҷон ба лаб овард ба уммеди вафот,

Дилаш бигӯй, ки вақти вафот наздик аст.

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон аҳли фарҳангу адабиёт 700 - солагии ин шоири хушбаён, булбули хушилҳон, ғазалсарои мумтозро  посдорӣ менамоянд. Ғазалҳои дилангези Хоҷаи бузург вирди забони хосу ом гардида, бо навоҳои мухталиф суруда шудаанд. Тавре худи ӯ гуфтааст:

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз чун ин сухан сухан нест.

 

Муҳайё Маликова,

омӯзгори мактаби №33-и

шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш