Дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм-таҳдид ба ҳаёти осоиштаи инсоният» бо иштироки мудирони шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, мудирони шуъбаи занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, эмомхатибон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақаи Кӯлоб баргузор гашт. Дар кори конфронс Сафарбек Шарифзода, мудири шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марҳамбек Марҳамбеков, котиби илмии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва илму маориф ширкат варзиданд. Нахуст сухани ифтитоҳиро Абдулло Ҳабибулло, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳусни оғоз бахшида, гуфт:
- Ҷавонони мо ҳар қадар босаводу соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва огоҳу донишманд бошанд, ояндаи Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерумандии давлат меафзояд. Вале, баъзе афроди аз илму фарҳангу хираду фаросати инсонӣ бехабар ин шаъну нуфузи миллати тамаддунофари бостонро доғдор карданӣ шуда, ба ҳаракатҳои ифротгароиву экстремистӣ ҳамроҳ гардида, ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Чунин ашхос набояд фаромӯш кунанд, ки ба Ватану миллат хиёнат кардан ин хиёнат ба падару модар ва фарзандону бародарону хоҳарон аст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр