Нашрияи Омӯзгор

Ташаббусҳои созанда

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе нисбатан таърих ва таҷрибаи бисёрсола дорад. Дар замони гузашта он бо номи техникуми педагогӣ – индустриалии шаҳри Душанбе шуҳрат дошт ва хатмкардагони он дар аксар корхонаву муассисаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору  фаъолият мекунанд. Роҳбарии ин  муассисаро айни замон ҷавони таҷрибадору кордида, номзади илмҳои филологӣ Наҷмиддин Ширинзода ба  уҳда дорад.

- Шуҳрати  муассисаи мо имрӯз ҳам побарҷост, - балки бо навигариҳо- ташкил кардани ихтисосҳои бозоргир, таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарият ба фаъолияти рӯзмарраи он  рӯз то рӯз обрӯву эътибор пайдо мекунад, - гуфт зимни суҳбат директор. Барои тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб мо аз роҳу усулҳои гуногун истифода мебарем. Дар коллеҷ тибқи иҷозатномаи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар заминаи синфҳои  9 ва 11) аз рӯйи ёздаҳ ихтисос – мошинсозӣ, сохтмон, нақлиёти автомобилӣ, саноати сабук, таъминоти техникаи  кишоварзӣ, таъминоти барқ, меъмории ландшафтӣ, таҷҳизоти санитарӣ – техникии биноҳо ва иншоот, таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, технологияи маҳсулоти қаннодӣ, иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм шогирдон  донишу таҷриба меомӯзанд. Нақшаи қабул имсол тавассути  ММТ- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 фоизро ташкил дод. Боварӣ дорем, ки дар даври дуюми имтиҳонот нақша иҷро мегардад, зеро мо ихтисосҳои барои ҷомеа зарури коргариро созмон додаем. 

Чунонки директори коллеҷ иттилоъ дод, барои соҳибкасб гардондани шахсони бешуғл низ аз рӯйи ҳабдаҳ ихтисос курсҳои кӯтоҳмуддати ду ва  семоҳаро ташкил намудааст. Албатта, ташкили чунин ихтисосҳо тасодуфӣ набуда, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотӣ, суҳбати бевосита дар ҷойҳо амалӣ карда шудаанд. Ин кор ҳам ба хоҳишмандон ва ҳам аҳли коллеҷ фоидаи иқтисодӣ меорад ва дигар ин ки бозори меҳнатро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамоем.

Ба иттилои Н. Ширинзода соли таҳсили 2019 – 2020 коллеҷро 169 нафар хатм карданд. Шасту нуҳ нафар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла,  беморӣ  дар вақти муайяншуда ба имтиҳонҳо ҳозир шуда натавонистанд. Аз ин рӯ, бо дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бемории COVID – 19   ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба даври дуюми супоридани имтиҳонҳо иҷозат дода шуданд. Онҳое, ки дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил кардаанд, имкон доранд, ки таҳсилро аз курсҳои 2 ва 3 дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ (масалан, дар ДТТ ба номи М. Осимӣ, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДТТ, ДДМИТ ва ғайра) вобаста ба ихтисосҳояшон  идома  диҳанд.

- Яке аз роҳҳои  баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ аз курси такмили ихтисос   гузаштани омӯзгорон ба шумор меравад, -  гуфт Н. Ширинзода. - Мувофиқи нақшаи дурнамои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар давоми солҳои 2019 – 2023 тамоми омӯзгорону кормандон аз курси такмили  ихтисос бояд гузаранд. Дар соли гузашта тибқи нақшаи мазкур дувоздаҳ нафар омӯзгор дар дохил ва як нафар дар хориҷи кишвар аз ин курс гузаштанд. Дар баробари ин, 74 нафар омӯзгор, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кормандони коллеҷ дар се давра дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» аз курси «Омӯзиш дар асоси салоҳият» гузашта, соҳиби ҳуҷҷат  гардиданд. Ҳар сол аз рӯйи зарурат, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ихтисосҳои нав мекушоем. Албатта, барои ин шароит, аз ҷумла, ҷойи нишаст ва дигар лавозимоти  хониш заруранд, ки чунин шароит ҳам муҳайё гардонда шуд.

Аз нимаи дуюми соли гузашта маъмурияти коллеҷ бо қарори Шӯрои олимон ҷиҳати иҷрои бандҳои Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи  кафедраи фанҳои гуманитарӣ, табиию  риёзӣ як кафедраи нав – табиию риёзиро таъсис дод. Дар коллеҷ ба низоми таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, то ки донишҷӯён вақти худро беҳуда нагузаронда, ҳатман ба омӯхтани  илму ҳунар сарф намоянд. Соли дуюм аст, ки дар коллеҷ таълим ба шакли низоми кредитии таҳсилот идома дорад. Омӯзгорон аз рӯйи ихтисосҳои номбаршуда ва 46 барномаи таълимӣ, наваду шаш силлабус пас аз тасдиқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбияро ба роҳ мондаанд.

- Китобхонӣ бояд яке аз шуғлҳои доимии шогирдонамон бошад, - мегӯяд директор. - Ба ин масъала низ диққати ҷиддӣ медиҳем. Ҳоло дар китобхонаи коллеҷ 19 599 адад китоб мавҷуд аст. Илова бар ин, – мегӯяд ӯ, - бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълим китобхонаи электронӣ (402908 адад) низ  таъсис дода шуд. Дар доираи ҳамкориҳои адабӣ – фарҳангӣ бошад, бо намояндагии Маркази русии «Россодрудничество»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли гузашта ба фонди китобхонаи коллеҷ аз ҷониби Маркази мазкур 64 номгӯй китоби бадеӣ (бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ),   умумитаълимӣ ва тахассусӣ ворид карда шуд.

Ҳамчунин, директори коллеҷ иброз дошт, ки бо мақсади шаффоф гузаронидани аттестатсияҳои санҷишиву имтиҳонӣ ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар коллеҷ барномаи махсуси электронӣ коркард ва насб карда шудааст, ки санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷорӣ тавассути барномаи мазкур қабул карда мешаванд. Аз суҳбати директор бармеояд, ки барои боло бурдани сифати таълим, азхуд кардани барномаҳои таълимӣ, ҳавасманд гардондани донишҷӯён мунтазам чораҳои дахлдор меандешанд.

– Барои ин, - мегӯяд Н. Ширинзода, - бо қарори Шӯрои олимони коллеҷ ба донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ба миқдори аз 500 то 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.  Шояд як сабабаш ҳамин бошад, ки тибқи  рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳоло Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) муайян намуд, аз рӯйи бисту се нишондод коллеҷ дар байни 73 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷойи панҷумро гирифт.

Бо мақсади тақвият бахшидани робитаҳои хориҷӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва ҷалби барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ маъмурияти коллеҷ дар маҷмӯъ, бо 14 муассиса ва  ташкилотҳои байналхалқӣ  ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия ва бо Донишгоҳи туризм ва идоракунии меҳмонпазирии шаҳри Ҳайдарободи  Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориҳо ба имзо расиданд.

Бояд зикр кард, ки таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ ҷузъи таркибии нақшаҳои таълимӣ  ба ҳисоб рафта, барои самаранок ва сифатнок гузаронидани онҳо маъмурият бо бист корхонаи истеҳсолӣ, панҷ муассисаи таҳсилоти касбӣ, ҳафт коллеҷ, дувоздаҳ  муассисаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳамчунин, коллеҷ ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шунавандагон курсҳои кӯтоҳмуддатро аз рӯйи 17 касб ба роҳ мондааст. Хатмкунандагони ин давраҳо пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома мегарданд.   

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш