Нашрияи Омӯзгор

Амали дастҷамъона мебояд

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

Дар ҳамаи давру замон тарбия ва таълим бо ҳам тавъам буда, борҳо исбот шудааст, ки агар тарбия хуб бошад, дониш ҳам хуб мешавад.

Аммо баъзе аз омӯзгорон ва падару модарон ба ин масъала он қадар диққати ҷиддӣ намедиҳанд.

Аз ин рӯ, пас аз сохти давлатдории Шӯравӣ ва пош хӯрдани он, давлати ҷавони миллии Тоҷикистон доир ба таълим ва тарбия қонун, қарор ва низомномаю дастурамалҳои зиёдеро қабул кард. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи ҳамин гуна санадҳост.

Мо, омӯзгорон, дар ҷараёни таълими дуруст аксар мушкилиҳои тарбияро ҳал менамоем.  Мактабро маркази  кори тарбиявӣ меҳисобем ва ба ҷамъи омӯзгорон, волидон ва хонандагон дар ҳар гуна мушкилиҳо тарбия ва таълимро ба низом медарорем. Инак, соли нави хониш ҳам фаро мерасад ва ҳар як падару модар барои фарзанд ашёи зарурии хонишро муҳайё мекунад.  Вале баъзеашон ба донишу интизоми фарзандонашон кам аҳамият медиҳанд. Дар ин радиф агар чорабиниҳои мактабӣ, ба монанди дарси кушод, вохӯрӣ бо адибон, шахсиятҳои номдори деҳаву маҳали зист гузарад, хуб мешавад, зеро ин амал дар тарбияи ахлоқии онҳо нақши муҳим хоҳад гузошт.

Пас аз дарсҳо хонандагон ба хонаҳояшон мераванд ва падару модарро зарур аст, ки ба онҳо шароити хуб муҳайё намоянд. Чунки хонанда, чи дар мактаб ва чи дар хона беназорат ё бекор монад, ба корҳои ношоиста даст зада, мактаб ва оиларо дар назди ҷамъият шармсор менамояд. Барои пеши роҳи ин гуна корҳоро гирифтан лозим аст, ки волидон якчанд шартро донанд ва санҷанд. Масалан, онҳо донанд, ки  ба бачаҳо бо  кадом роҳ дар вақти фориғ аз дарсҳо таъсир расонанд, дар хона сафарбар кардани хонандагон ба корҳои сабуки ҷисмонӣ (то ин ки ба инкишофи  ҷисмонии онҳо зарар нарасад), дар назди телевизор ва компютерҳо дар вақтҳои муайяншуда нишаста кор кардан, дар хона дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ ва ҳурмати якдигар дар заминаи суннатҳои миллӣ, баланд бардоштани меҳру муҳаббати фарзандон нисбат ба Ватан ва монанди ин.

Ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад. Дигар омил, сатҳи тафаккур, дараҷаи худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии худи падару модар мебошад, ки тавассути он фарзанд соҳиби саводу дониш, дили огоҳу ақли бедор, арҷгузорӣ ба ниёгон ва муҳаббату садоқат ба Ватану миллати худ мегардад.

Тарбия ва таълим дар пайвастагии се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа ҳадафманд ҷараён мегирад Албатта, ба ғайр аз инҳо боз муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Дар заминаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бетарафии падару модар ба таълиму тарбияи  фарзанд хотима  дода ва дар навбати худ масъулияти бештаре ба дӯши волидон вогузор гардид.

Дар умум, мактаб ҷойи таълиму тарбия, макони илму маърифат ва дигар хислатҳои неки инсонӣ мебошад ва метавонад, ки хонандагони аз тарбия дурмондаро ҳам ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намояд.      

Марям ЯТИМОВА,

Муътабар ВАЛИЕВА,

омӯзгорони синфҳои ибтидоии

мактаби рақами 7, шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш