Нашрияи Омӯзгор

Бо дасту дили гарм

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар ноҳияи Қубодиён айни замон 62 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки 37437 нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 яке аз калонтарин таълимгоҳи ноҳия ба шумор рафта, дар он 1817 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 92 омӯзгор таълим медиҳанд.

Таълимгоҳи мазкур соли 1957 сохта шуда, дар масофаи 7 км дуртар аз маркази ноҳия, дар деҳоти «Камароб» ҷойгир аст. Вай аз 7 бинои таълимӣ иборат буда, дорои 50 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Сарвари муассиса, марди фозилу кордон Ҳусниддин Насриддинов ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, раванди таълиму тарбияро хуб ба роҳ мондааст. Дар мактаб омӯзиши забони тоҷикӣ дар сатҳи баланд буда, ҳамаи омӯзгорон ва хонандагони ӯзбекзабон бо забони тоҷикӣ (давлатӣ) озодона муошират мекунанд. Албатта, дар ин масъала саҳми омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Ҳафиз Бобошеров назаррас аст. Номбурда 50 соли ҳаёти худро сарфи таълиму тарбия намуда, дар тарбияи омӯзгорони ҷавон саҳми арзанда мегузорад. Аз моҳи октябр то феврали соли равон бо фармони мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мирзо Эшов курси махсуси муоширати забони тоҷикӣ ташкил карда шуд. Фанҳои математика, физика, география, химия ва биологияро низ мутахасисони дорои маълумоти олӣ ва таҷрибадор Назар Ҷумъаев, Нурулло Хешов, Ҷумъа Раҳимов ва Фотима Ёрматова таълим медиҳанд. Дар соли таҳсили ҷорӣ хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби Ифтихорнома ва медалҳо гаштанд. Аз ҷумла, дар сатҳи вилоят 3 нафар ба гирифтани ҷойи 3 –юм ва 1 нафар бо ҷойи 2 – юм сарфароз шуданд. Дар соли таҳсили 2016 – 2017 77 нафар аз хатмкардагони ин муассиса ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда, таҳсил карда истодаанд. Қобили зикр аст, ки муассиса пурра бо мутахассисони маҳаллӣ таъмин аст. Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассиса синфхонаҳои таълими меҳнат ва инчунин, омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ амал карда, барои соҳибкасб шудани духтарон мусоидат мекунанд. Бо ташаббуси сарвари муассиса ва омӯзгорони фанни таърих дар як гӯшаи муассиса осорхона ташкил карда шудааст, ки ин барои омӯзиш ва ба наслҳои оянда расонидани осори ниёгонамон беҳтарин васила мебошад. Дар арафаи иди Наврӯз бошад бо дастгирии омӯзгорон, падару модарон ва дигар шахсони саховатманд дар муассиса толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Сарвари муассиса Ҳусниддин Насриддинов дар суҳбат иброз дошт, ки асоси пешрафт ва муваффақиятҳо ин робитаи судманди мактаб бо падару модарон ба шумор меравад. «Аз як даст садо намеояд» - мегӯянд дар урфият. Дар муассиса аз рӯи реҷаи муайян дарсҳои иловагӣ гузаронида мешаванд.

Маҳмудҷони АБДУЛАҲАД,

омӯзгор аз ноҳияи Қубодиён


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш