Нашрияи Омӯзгор

Маърифат аз омӯзиш оғоз меёбад

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистони азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза мегиранд. Зеро Паёми Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди иқтисодии кишвар ва нақшаи кории ҳар фарди ҷомеа мебошад. Боиси сарфарозист, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби кулли мардум мавриди дастгирӣ қарор гирифта,  пурра амалӣ хоҳад гардид.

Бо роҳбарии хирадмандона ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллатамон орзуи деринаи халқи куҳанбунёди тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Агрегати 2-юми НБО-и Роғун ба кор дароварда шуда, аҳолии кишварамон пурра бо қувваи барқ таъмин гардид. Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ-баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шуд. Наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудан ба маврид аст. Тақвияти сифати таълим бе мутолиаи китоб ба даст намеояд. Агар наврасон аз хурдӣ бо фарҳанги китобхонӣ шинос шаванд, меҳри китобу китобхонӣ ва мутолиаи он дар қалби онҳо бо осонӣ ҷой хоҳад гирифт. Ҳар фарди бедордил бояд ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии хеш саъю талош варзад.

Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллати тоҷик равшан инъикос меёбад, бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем. «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем», -изҳор доштанд Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад,  ки мо ба он арҷ хоҳем гузошт. Саҳифаҳои дурахшони қaҳрамониву диловарии  гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ташвиқ намоем. То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ чоп шудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз заҳматҳои поквиҷдононаи Пешвои миллат дарак медиҳад.

Набихони Ярқулзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоати деҳоти Шаҳрак, шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш