Нашрияи Омӯзгор

Аз хишти аввал то фатҳи қулла

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Азим Байзоев. Ин ном ба аҳли илму маорифи кишвар, аз ҷумла, хонандагони доимии нашрияи “Омӯзгор” шинос аст. Дар баробари таҳияи китобҳои дарсиву маводи таълимӣ-методӣ барои зинаҳои гуногуни таҳсилоти кишвар, донишҷӯёни хориҷӣ ва нашри китобҳои илмиву таҳқиқотӣ, мақолаҳои таҳлилии ӯ низ хонандаро ба андеша водор месозанд. Навиштаҳои ӯ бо забон, мавқеъ, тарзи шарҳу тавзеҳ, таҳлил ва пешниҳодҳои ғайримаъмулӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.

Хишти аввалро бояд рост гузошт

- Устоди азиз, қабл аз ҳама, мехостем бифаҳмем, ки иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони «Бистсолаи омӯзиши рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» чӣ тавр пазируфтед?

- ҳар як пешниҳоду дастури Пешвои миллат ҷой, аҳаммият ва ҳадафҳои шоистаи худро доранд. Аммо ин пешниҳод, барҳақ, аз муҳимтарин пешниҳодҳо дар даҳ соли охир аст. Аз ин рӯ, онро бо рӯҳбаландӣ ва хушҳолӣ пазируфтам. Вале андешаву фаҳмишу дарки моҳияти он аз ҷониби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар суҳбатҳои сарироҳӣ ва расмӣ, дар барномаҳои радио ва телевизион, дар нашрияҳои гуногун инъикос меёбанд, ростӣ, маро ба андеша водор кард. 

Ба назар чунин мерасад, ки ҳоло ҳам мо моҳияти ин масъаларо дуруст дарк накардаем, намедонем, ки таҳти ҳамин як ифода – «Бистсолаи омӯзиши рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (бояд гуфт, ки ин ҷо мафҳуми “технологияҳои иттилоотӣ” низ дар назар аст) чӣ маъноҳое нуҳуфтаанд, чӣ чизҳо дар назар дошта мешавад, аз чӣ сар кунем, чӣ гуна кор кунем ва ғайра. Ин пешниҳоди одӣ ва содаи як масъала нест, ин ифодагари маҷмӯи масъалаҳоест, ки ҳадафи ниҳоии он таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва сатҳи хуби некуаҳволии мардум аст. Ин ифода фақат бо низоми таҳсилоти кишвар дар ҳамаи зинаҳо маҳдуд намешавад, балки фарогири ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон аст. Агар номгӯйи масъалаҳои фарогири ин ифодаро як-як номбар кардан хоҳем, муҳимтарини онҳо чунин хоҳад буд: бедор кардани шавқу ҳаваси кӯдакон ба омӯзиши ин фанҳо дар муҳити хонавода аз давраи томактабӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тайёр кардани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯйи бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои кории шоиста барои ин мутахассисон, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва ба роҳ мондани таҳқиқоти ҳақиқӣ (на рӯйикоғазӣ!) дар ин самт, ки натиҷаҳои он дар иқтисодиёти кишвар истифода шавад, таъмини ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ, танзим ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо (ва академияҳои соҳавӣ) бо вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати молия ва дигар ниҳодҳои марбута ва...  Ба ибораи дигар, онро мисли занҷире бояд тасаввур кард, ки аз ҳалқаҳои гуногун иборат аст ва агар ҳатто як ҳалқаи он заифу ноустувор бошад, занҷир аз ҳам канда хоҳад шуд.

- Фикри ҷолиб. Пас, фаъолияти аҳли маориф барои расидан ба ин ҳадафҳо чӣ гуна бояд бошад?

- Ана ин саволи калидист! Ҳар як иқдом се марҳала дорад: марҳалаи ибтидоӣ, ё худ нуқтаи “А”, ки вазъи воқеиро нишон медиҳад; марҳалаи ниҳоӣ, ё худ нуқтаи “Б”, ки ҳадафи аслиро равшан инъикос мекунад. Ва дар байни ин ду нуқта хатти росту каҷу килебе, ки роҳи расидан ба ин ҳадафро бояд нишон диҳад. Агар имрӯз аз ин нуқтаи назар ба масъала баҳо диҳем, мебинем, ки мо нуқтаи “А”-ро ҳанӯз муайян накарда, аллакай мехоҳем ин ё он чораҷӯйиро амалӣ созем. Ҳол он ки як-ду соли аввалро бояд фақат ба омӯзишу таҳлили вазъи кунунӣ дар ҳамаи ҷанбаҳое, ки номбар кардем, бахшем. Мушаххас кунем, ки дар куҷо қарор дорем, муайян кунем, ки мушкилот дар куҷост ва заминаҳои он кадом аст. Ва танҳо дар асоси натиҷаву далелҳои қотеъ нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои худро таҳия кунем.  

- Муаллими азиз, метавонед ягон мисоли мушаххас биёред, то ки матлаб равшантар шавад?

- Албатта. Имрӯзҳо анде-шаҳое, дар мавриди он ки дар доираи татбиқи ин дастури Пешвои миллат бояд миқдори соатҳои таълимӣ аз ин фанҳо зиёдтар шавад, бештару бештар, ҳам аз ҷониби мутахассисони алоҳида, ҳам аз ҷониби ниҳодҳои марбута садо медиҳанд. Ҳол он ки барои чунин ақидаро пешниҳод кардан аввал ҳама ҷиҳатҳои онро дақиқан санҷидан, таҳлил кардан, арзёбӣ кардан лозим аст! Чунин андеша, ки афзоиши миқдори соатҳои таълимӣ худ аз худ сатҳи дониши хонандагонро баланд мебардорад, ғалати маҳз аст! Худатон қазоват кунед: фарзандони мо 10 сол (синфҳои 2-11) забони русӣ мехонанд. Миқдори умумии соатҳои таълимӣ аз ин фан дар мактабҳо нисбат ба шуъбаҳои филологияи руси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба маротиб бештар аст! Натиҷа куҷост? Фақат хатмкунандагони ангуштшумор, он ҳам бештар дастпарварони литсейу гимназияҳо аз ин забон дониши казоӣ ба даст меоранд! Вазъи таълими забонҳои хориҷӣ низ чунин аст: нуҳ сол мехонанд, аммо озодона ҳарф зада ё навишта наметавонанд. Ин як тарафи масъала. Аз ҷониби дигар, саволе ба миён меояд, ки аз кадом ҳисоб шумораи соатҳои таълимии ин фанҳоро бештар кунем? Агар соатҳои иловагӣ ворид кунем, маблағи ҳангуфт лозим асту сарбории хонанда аз ҳадди имконпазири имкониятҳои ӯ бештар мешавад. Агар аз ҳисоби фанҳои дигар, масалан, забон, адабиёт, таърих ё дигар фанҳо бошад, тақдири онҳо чӣ мешавад?

- Пас, ба андешаи шумо, роҳи ҳалли масъала кадом аст?

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор

- Сифат, на миқдор! Мо бояд сифати таҳсилотро баланд бардорем, бе тағйирот дар миқдори соатҳои таълимӣ.

- Бошад. Аммо “сифати таҳсилот”-ро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Ин беҳтарин саволи рӯз аст, ки ҷавобаш мушкилтарин аст! Бинед, дар назди мову шумо ду китобчаи қайд аст (блокнот). Ҳар дуро муқоиса карда зуд муайян кардан мумкин аст, ки кадомаш беҳтар: албатта, аз они ман беҳтар аст! (табассуми ширин мекунад). Чунки сифати коғаз, муқова, муҳтавои онро дидан, чен кардан, санҷидан хеле осон аст. Ҳамин тариқ, вақте оши палов мехӯрем, зуд ба сифати он баҳо медиҳем: намак, гӯшт ва сатҳи пухтагии он, биринҷ ва навъи он, сабзӣ, равған, зира... ҳамаи инҳоро санҷидан, фаҳмидан, чашидан мумкин аст! Аммо сифати таълиму таҳсилот чунин андозаҳову ченакҳои айнӣ надорад, ки сатҳи онро зуд муайян кунем. Бесабаб нест, ки дар тавсифи он низ байни мутахассисон андешаи ягона вуҷуд надорад. Албатта, онро кӯтоҳакак чунин тавсиф кардан мумкин аст: “Сифати таҳсилот – сатҳи муайяни донишҳо ва малакаҳо, рушди ақлонӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ, ки онро хонандагон дар зинаҳои муайяни таҳсилот вобаста ба ҳадафҳои нақшавӣ ба даст меоранд”. Аҷиб аст, ки дар ин таъриф худи мафҳуми “сатҳи муайян”-ро муайян кардан мушкил мушкил аст.

- Аммо, ба ҳар ҳол, чунин мафҳум вуҷуд дорад ва кишварҳоро аз рӯйи сатҳи сифати таҳсилот тасниф мекунанд.

- Комилан дуруст. Дар ин маврид бештар омилҳои таъсиррасон ба сифати таҳсилот дар назар дошта мешавад: шароити хуби таҳсил (инфрасохтор, муҷаҳҳаз будани синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва ғайра), сифати хуби маводи таълимӣ (китобҳои дарсӣ, маводи методӣ, барномаҳои таълим, аёният ва ғайра) ва таъмин будани омӯзгорону хонандагон ва сатҳи омодагии кадрҳои педагогӣ. Омилҳои дигари берунаи таъсиррасон ба сифати таҳсилот низ ҳастанд, ки муҳимтарини он шаффофият ва кифояти бозори меҳнат аст.

(Давом дорад)

 Мусоҳиб Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш