Инсони хирадманду боидрок тарзе зиндагиашро ба роҳ мемонад, ки барои дигарон намунаи ибрат бошад. Аз монеаҳои зиндагӣ рӯҳафтодаю дилмонда намешавад, барои атрофиён нерую таъсири мусбат мерасонад. Мутаассифона, ҳастанд афроде, ки бо пеш омадани каме мушкилот дилшикаста мешаванд ва қасд ба ҷони худ мекунанд. Тайи солҳои охир дар радифи калонсолон, наврасону ҷавонон низ қасд ба ҷони худ мекунанд.
Аз маълумоти раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019) аён мегардад, дар соли 2017 62 нафар ва соли 2018 68 ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Тибқи иттилои раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳои худкушӣ ва сӯиқасд дар байни ноболиғон афзудааст. Ҳолатҳои худкушӣ бештар дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Чаро наврасон худкушӣ мекунанд?
Равоншиноси шинохта, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нафиса Юнусова мегӯяд, ки дар бораи худкушӣ васоити ахбори омма гоҳо бе мавқеъ мавод нашр карда, аксар вақт ин амали номатлубро ба ҷои инкор таблиғ мекунанд. Солҳои пеш мо бачаҳоро аз кӯча ба хона дароварда наметавонистем. Ҳозир, баръакс, аз хона берун намебароранд ва бо истифода аз планшету компютер аз тариқи олами маҷозии интернет ба амали маҷозӣ сайр мекунанд. Аксари волидон худро тасаллӣ медиҳанд: «фарзандам дар кӯча ба беҳудагардӣ машғул нест». Дар илми равоншиносӣ истилоҳи машҳурест: «булинг» - аз англисӣ ба маънои таҳқир. Имрӯзҳо бисёре аз наврасон ба «кибербулинг», яъне таҳқиру таҳдид аз тариқи технологияҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Нуриддинзода изҳор дошт, ки баъзе ноболиғону наврасон, ки аз ҷиҳати рӯҳию маънавӣ дуруст инкишоф наёфтаанд, дар мавриди дучор омадан бо мушкилиҳо сустиродагию кӯтоҳандешӣ нишон дода, даст ба ҷони худ мезананд.
Сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргул Бухориева иброз дошт, ки яке аз сабабҳои худкушии наврасонро дар носолимии оила медонам. Мутаассифона, теъдоди оилаҳое, ки аз ҳам мепошанд, рӯз ба рӯз зиёд мешаванд ва ҳангоми ҷудошавӣ фарзандони чунин оилаҳо зарбаи равонӣ гирифта, аз зиндагӣ дилсард мешаванд. Бо мақсади пешгирии чунин амали номатлуб ба волидон тавсия медиҳам, ки дар тарбияи шоистаи фарзандон ҷиддӣ муносибат намоянд.
Ба андешаи профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои педагогӣ Бибиҳафиза Маҷидова, наврасони имрӯза ба маълумоти зиёд дастрасӣ доранд. Ҳамчунин, баъзан мебинем, ки волидон ба сари фарзандонашон дод мезананд, таҳқир карда, дашном медиҳанд, дар байни рафиқон онҳоро ноуҳдабаро, нодон ва нотавон эълон мекунанд, ҳамеша кинояю пичинг зада, рӯҳан меозоранд, ки ҳамаи инро зӯроварии психологӣ мегӯянд. Баъзан занону духтарон зери фишор қарор мегиранд. Шояд ҳамин кор - худкушӣ як эътироз ба маҳдудияти амалҳои шахсии онҳо, андешаву афкорашон бошад, ки даст ба худкушӣ мезананд.
Сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Мавлонов изҳор дошт, ки ба худкушӣ даст задани як зумра ҷавонони бетаҷриба нишонаи имони ноқис доштани онҳост, зеро ба ин амали манфур даст додан дар шариати исломӣ ҳам гуноҳ асту ҳам ҳаром. Бештар масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили қарздорӣ, баҳсҳои оилавӣ, муҳаббати беҷавоб, гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, ору номус инсонҳоро водор ба худкушӣ мекунад.
Ёдовар бояд шуд, ки бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2011 бо ҷалби мутахассисони Донишгоҳи Колумбияи ИМА ва равоншиносони ватанӣ дар ҳудуди вилояти Суғд омӯзиши ҷомеашиносӣ-равоншиносӣ дар мавзӯи «Тадқиқи паҳншавӣ ва динамикаи худкушиҳо дар байни кӯдакону ҷавонон» баргузор гардид. Маълум гардид, ки наврасону ҷавонон бо сабабҳои зӯроварӣ дар оила ва муносибати бераҳмона аз ҷониби калонсолон, мушкилоти молиявӣ, муҳоҷирати волидайн, беназоратӣ ва меҳнати маҷбурии наврасон даст ба ин амали номатлуб мезананд. Барои пешгирии ин проблема дар Вазорати маориф ва илм гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки дар он намояндагони 8 вазорату кумита кор мекунанд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла, Хазинаи кӯдакони СММ-ЮНИСЕФ модели намунавии фаъолияти барномаи “Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо” таҳия ва тасдиқ карда шуд. Беш аз 500 нафар корманди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳуқуқ, прокуратура, корҳои дохилӣ ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Нафиса Юнусова гуфт, ки тӯли чанд соли охир дар мактаби №66-и ноҳияи Синои пойтахт ба ҳайси равоншинос кор мекунам. Дар мактабҳо равоншиносон аз нарасидани дастуру маводҳои таълимӣ танқисӣ мекашанд. Дар баробари ин, дар ҷомеаи суннатии мо ҳанӯз ҳам аз рафтан ба назди равоншинос шарм мекунанд, вагарна мушкилоти наврасону ҷавононро дар суҳбат бо равоншинос бартараф кардан мумкин аст.
Мутахассис оид ба рушди ҷавонон ва тандурустии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон-ЮНИСЕФ Мавҷигул Азизуллоева қайд кард, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ЮНИСЕФ дар 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи пилотии “Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо” амал мекунад. Ҳадафи барнома таъмини солимии равонии наврасон тавассути тақвият бахшидани низоми расонидани хизматрасонӣ дар самти солимии равонии наврасон, паст намудани сатҳи худкушӣ дар байни наврасони кишвар ва пешгирии ҳолатҳои стресс мебошад. Мутахассисон дар доираи ин барнома муайян карданд, ки наврасон дар лаҳзаҳои буҳронӣ бештар ба волидони хеш муроҷиат мекунанд.
Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ ниҳоде, ки ба наврасону ҷавонон ёрии амалии ҳуқуқиву равонӣ бидиҳад, амал намекунад. Тавре ки медонем, бархе аз наврасон баъзан наметавонанд ба омӯзгор, ҳамсинф, дӯст муроҷиат кунанд. Наврасон метарсанд, ки «сиррашон мебарояд» ва шарманда мешаванд. Дар ин ҳолат кӯдак бояд ба равоншиноси мактаб муроҷиат кунад. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки «омӯзгорони мактаб психолог шудаанд», аммо ин тавр нест. Психолог мутахассисест, ки тамоми нозукиҳои инкишофи равонии кӯдакро омӯхтааст. Ӯ медонад, ки кӯдак дар рушди равонию ҷисмонии худ чӣ мушкилӣ дорад. Айни замон дар мактабҳои ҷумҳурӣ мутахассисони равоншинос намерасанд. Дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ омӯзгор-равоншинос (педагог-психолог) омода карда мешавад, аммо теъдоди онҳо кам аст ва талаботи муассисаҳои таълимиро қонеъ карда наметавонад.
Наврасе, ки ба рӯҳафтодагӣ (депрессия) гирифтор шудаасту қасди худкушӣ дорад, баъзан вақт ҷумлаҳое, аз қабили «хаста шудам», «безорам аз ҳамин зиндагӣ», «ман ба касе даркор нестам» мегӯяд, ки ҳолати бади равонияшро ошкор менамояд.
Ҳамаи моро мебояд аз як гиребон сар бароварда, баҳри ҳифзи ҷони фарзандонамон, ки ояндаи ин миллату давлатанд, талош намоем.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр