Ҷумҳурии мо дорои захираи фаровони об буда, дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Федератсияи Россия ҷои дуюмро мегирад. Зиёда аз 60 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Дар натиҷаи гармшавии иқлим сол то сол дар ҷаҳон норасоии об зиёдтар эҳсос мешавад. Нишонаҳои гармшавии иқлим дар кишвари мо низ ба назар мерасад. Дар давоми 50- 60 соли охир пиряхҳои кишварамон, ки манбаи асосии оби зулоли минтақа мебошанд, 20 фоизи ҳаҷм ва 30 фоизи майдонашонро аз даст дода, то имрӯз зиёда аз 1000 пиряхи мамлакат аз байн рафтааст. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо имрӯз дар тамоми кишварҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба таъкиди экологҳо, дар шароити кунунӣ даст кашидан аз усули куҳнаи обёрӣ ва рӯ овардан ба усули обёрии қатраӣ амри зарурист.
Афзалияти обдиҳии қатраӣ аз он иборат аст, ки решаи рустанӣ обро бо моддаҳои ғизоӣ якҷоя ҷабида мегирад. Кишварҳое, ки ба ин тарзи обмонӣ гузаштаанд, аз ҷумла, Ҷопон, Хитой, Корея, Олмон, Фаронса натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварданд.
Солҳои 80-уми асри гузашта академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон М. Муҳаммадҷонов зимни гузаронидани озмоишҳо муайян намуд, ки обёрӣ ба воситаи ҷӯякҳо боиси шӯршавӣ ва ботлоқшавии 800 ҳазор гектар замини ин кишвар ва биёбоншавии 1,5 миллион гектар замин дар резишгоҳи Амударё гардидааст.
Президенти Фонди ҷамъия-ти экологии ҳифзи пиряхҳо - «Монгу» Рустам Қобилбеков дар мусоҳиба бо нашрияи «Репортёр-Бишкек» гуфтааст, ки соли 1962 бо фармони сарвари онвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушёв барои пеш аз муҳлат иҷро кардани барномаи озуқаворӣ ва афзун намудани обёрии заминҳои навкорам ба пиряхҳо тавассути ҳавопаймо хокаи ангишт мепошиданд, то онҳо тезтар об шаванд. Натиҷаи чунин муомилаи нодуруст бо об буд, ки ҳаҷми баҳри Арал аз солҳои 60-уми асри ХХ сар карда, кам шудан гирифт. Дар баъзе ҷойҳо соҳили баҳри Арал зиёда аз 100 километр қафо рафта, дар ҷои баҳри пештара намакзори пур аз пасмондаҳои нуриву заҳрхимикатҳо боқӣ монд. Соле аз ин майдон то 150 миллион тонна намакҳои гуногун ба воситаи шамол ба фазо бархоста, ба масофаҳои дур мераванд. Олимон дар рӯи пиряхҳои Алп, ки дар Аврупо ҷойгир буда, ҳазорон километр аз Осиёи Марказӣ дур аст, намаки соҳилҳои хушкшудаи баҳри Аралро дарёфт намудаанд. Намак ба зуд об шудани пиряхҳо мусоидат мекунад.
Ҳоло дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва бештар аз 2,5 миллиард инсон ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд. Ифлосшавии об боиси паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, аз қабили зарпарвин, домана, табларза, исҳоли хунин ва ғайра мегардад. Мутаассифона, баъзан дар шаҳру деҳот шоҳиди он мешавем, ки иддае бинобар паст будани маърифати экологиашон ба ҷӯю канал ва дарёҳо партовҳояшонро ҳаво дода, обро ифлос месозанд. Қисми дигар оби нопоку мағзобаро ба рӯдҳо рехта, боиси бадбӯ шудани об мегарданд. 25-30 сол пеш аз бисёр дарёҳо бемалол об нӯшидан мумкин буд. Имрӯз бошад, порӯю ифлосиҳои ҷӯю дарёҳоро дида, кас ба даст расонидан ба об ҷуръат намекунад. Ҳатто, уребчаҳои истифодашударо бе ягон азоби виҷдон ба дарё ҳаво медиҳанд. Чунин амал нисбат ба ин неъмати бебаҳо кӯрнамакист.
Дар овони кӯдакиамон калонсолон моро таъкид мекарданд, ки ба об туф кардану чизе партофтан «убол» аст. Ҳамин насиҳати пирони рӯзгордидаро мо ба гӯш гирифта, то ҳол эҳтироми обро пос медорем. Сад афсӯс, ки имрӯз як қисми мардум аз ин панду насиҳатҳо бебаҳраву дур шудаанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр