Нашрияи Омӯзгор

Паём ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию  хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, барои пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустиву фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ, ҷавонон,  варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.

Шукронаи  неъматҳои  истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳандӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои усутувори худро гузошта истодааст. Аз ин рӯ, табиист, ки вазъияти  имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси  нави арзишҳои фарҳангиву миллиро тақозо менамояд. Дар баробари ин, ба даст овардани истиқлолият заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи арзишҳои миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ ва ғайраро тақозо дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ, ба дарки мансубияти миллӣ сарватҳои бемислу монанди нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро ташаккул медиҳад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Ба кор даромадани чархҳои якум ва дуюми барқи обии «Роғун» иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу меҳнаткаши тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мавқеи ҷуғрофии тасхиркунанда дошта, таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди хориҷиро ҷалб намудааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои миллат дар Паём пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.

Ҳар як дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардида, аз ҷумла, донишҳои замонавӣ ба монанди таълими фанҳои дақиқ, ки ба ҷомеа мутахассисони зарурии соҳибкасбро тайёр менамояд, пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ кардан даркор аст. Қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифат, тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон,  рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам овардан мувофиқи мақсад мебошад. Дар Паём таъкид гардид, ки бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намоем. Махсусан, вусъат бахшидани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.

Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони неругоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла, неругоҳи барқи обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла, саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат таҳаммулгаро, ватандӯстиву хештандӯстӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар Паём қайд гардид, ки «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд,  возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст».

 Терроризм сабабҳои фикрӣ, динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии  худро дорад ва таҷрибаҳои гузашта собит месозанд, ки бидуни бартараф намудани сабабҳо ва решаҳои он наметавон ба ҳалли муваффақонаи масъала расид. Ҳадафу барномаи асосии терроризм ва омилону манфиатҷӯёни он ин аст, ки аз номи дини поки мубини ислом истифода мекунанд ва бо роҳҳои гуногун аз қабили куфр эълон карда, душмани ислом шуморидан, хилофату ҳизбу ҳаракатҳо таъсис додан аст. Мисоли равшан ин аст, ки соли ҷорӣ манфиатҷӯён барои ғорату тороҷ намудан ва қонеъ кардани нафсашон тавонистанд ба ном «Давлати Исломӣ» ба дидбонгоҳи қӯшунҳои сарҳадии Ишқобод ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон зананд.

Акнун вақти он расидааст, ки мо, тоҷикон, якрӯву яктан бошему дар ҳифзи манфиатҳои миллиамон бетарафиро ихтиёр накунем.  

Раҳим КАРИМОВ,

декани факултаи филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми

Аъзам – Абӯҳанифа,

номзади илми фалсафа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш