Нашрияи Омӯзгор

Зебоипарастӣ аз кӯдакӣ оғоз мешавад

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

Тарбияи наслҳои наврас бо воситаи санъати тасвирӣ ва санъати ороишӣ-амалӣ, дар дили ҷавонон бедор карда тавонистани муҳаббат ба ҳунарҳои миллии аҷдодӣ аз омӯзгор маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Вазифаи асосии фанни санъати тасвирӣ аз омӯзиши жанрҳои гуногуни ин санъат ва зебопарастӣ иборат мебошад. Ҳангоми омӯзонидани санъати тасвирӣ ба хонандагони хурдсол бо фаъолияти эҷодӣ, намудҳо ва жанрҳои санъати тасвирӣ ва асарҳои рассомони ҷаҳонӣ шиносоӣ пайдо мекунем. Инчунин, дар рафти иҷрои корҳои амалӣ - тасвирӣ аз асл, тарзи ҷобаҷогузории тасвир дар рӯи коғаз, фарқи дурахшонии тобиш ва силсилаи рангҳо, тарзи дурнамоии мавод дар тасвирро аз худ мекунем.

Ташаккули малакаҳои эҷодкорӣ дар кӯдакони синни хурди мактабӣ яке аз шартҳои асосии тарбияи эҷодкорони наврас мебошад, ки дар оянда бавуҷудоии ҷамъияти одамони эҷодкорро таъмин менамояд. Аз ин хулоса мебарояд, ки эҷодкорӣ на дар синфҳои болоии мактабӣ бояд оғоз ёбад, зеро ки хеле дер хоҳад шуд, балки таҳкурсии мустаҳками хислатҳои эҷодкорӣ аз синни хурдсолӣ дар кӯдакон бояд гузошта шавад.          

Як нависандаи бузург гуфтааст: «Агар ман ҳунари тасвир кардан, яъне рассомӣ медоштам, қаҳрамони асари худро бо сухан тасвир накарда, расми ӯро мекашидам».

Кӯдаке таваллуд мешаваду рӯзҳо гузаштан мегиранд, ӯ бо олами ғароиб рӯ ба рӯ мешавад. Дар муҳит худ аз модару падар сар карда, тамоми аҷоиботи табиатро, осмону офтобро, заминро бо тамоми ҳастияш мебинаду мушоҳида мекунад. Санъати тасвирӣ ин зебоӣ аст. Аз он истифода бурдан аз қадимулайём хеле маъмул мебошад. Масалан, гаҳвораро бинем, ба он бо рангҳои гуногун нақшҳо кашида мешавад.

Ҳар як хонандаи хурдсол аз овони кӯдакӣ ба ин ё он намуди санъат шавқу майл пайдо мекунад, нақши муҳими омӯзгори санъати тасвирӣ дар онҳо пайдо карда тавонистани қобилияти эҷодкорӣ мебошад.

Дар ҳама намудҳои ҳунарҳои халқӣ, масалан, ҳунармандони равияи кулолӣ, ки бозичаву аҷубаҳои гуногун барои бачаҳо месохтанд, кӯшиш ба он мекарданд, ки аз ҷиҳати шаклҳо гуногун, нотакрор ва  рангоранг шавад. Шаклҳои гуногун ё ранги нотакрори аҷубаҳо ҳисси тафаккури эҷодии кӯдакро бедор мекунад.

Хулоса, тарбияи зебопарастӣ дар бачаҳо аз кӯдакӣ бояд сар шавад.

 

Матонат ҲОҶИБОЕВ,

унвонҷӯи ДДХ ба номи академик

Б. Ғафуров, омӯзгори ҳунари наққошии КҲМ-и шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш