Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон муайян гардиданд

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Ташаккули тарзи ҳаёти солим масъалаи муҳими ҷомеа ба шумор рафта, ҳадафи он пайвасти ҳамешагии муносибати шаҳрвандон ба саломатӣ ва нигаҳдории тандурустӣ, рушди ахлоқу тарбияи ҳаёти солим ва барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ равона гардидааст.

«Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, имсол ҷамъбаст мегарданд. Ҷамъбасти санади мазкур ба даврае рост омад, ки талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, аҳолии кишвар барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар муқовимат ва мубориза бар зидди пайдоиш ва паҳншавии бемории COVID-19 бештар эҳсос гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус COVID-19 ва оқибатҳои ногувори ин беморӣ, солимии ҷомеа ва рушди хоҷагии халқи мамлакат ва дар маҷмӯъ таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешид. Ба тақвияти ин гуфтаҳо ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро   метавон далел овард. Андешидани иқдомҳои саривақтӣ, заҳматҳои шабурӯзии табибони ҳозиқ, риояи дастуру тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва муносибати эҳтиёткоронаи шаҳрвандони кишвар, боиси коҳиш ёфтан ва пешгирии авҷи сироятёбӣ ва паҳншавии он гардид. 

Бо мақсади иҷрои санадҳои қабулшуда ва пешгирӣ аз чунин вабои аср, риояи тавсияҳои табибон, ҳаёту саломатии худу дигаронро солим нигоҳ доштан, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ озмуни «Тозагӣ – гарави саломатӣ» аз тариқи фосилавӣ баргузор шуд. 

Мақсад аз баргузории озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги хонандагон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ, таҳкими мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани маърифати хонандагон вобаста ба гигиенаи шахсӣ, огоҳӣ аз ҳолатҳои эҳтиётӣ дар байни кӯдакону наврасон ва тарғибу талқини тарзи ҳаёти солим  бо ҷалби таваҷҷуҳи бештари падару модарон ба таълиму тарбия ва мутолиаи асарҳои бадеӣ ва диққат додан ба таҳаввулоти замона ба шумор меравад.

Ҳайати ҳакамони озмун, ки онро масъулини Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон-  «Баҳористон» ва  Барномаи рушди наврасони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) намояндагӣ мекарданд, беҳтарин таманниёту мактуб, муроҷиати видеоӣ (видеоролик) ва расмҳоро интихоб ва ғолибонро муайян намуданд.

Дар бахши «Беҳтарин таманниёт» хонандагон Шифо Азизова (синфи 7, мактаби №1, ноҳияи Ёвон ва Муҳиба Шокирова (синфи 4, мактаби №141, шаҳри Ҳисор), дар бахши «Беҳтарин мактуб» хонандагон Азимхон Ҳасанов (синфи 8, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон) ва Дилнозаи Нурулло (синфи 11, литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотуни ноҳияи Данғара), дар бахши «Беҳтарин муроҷиати видеоӣ (ё видеоролик)» хонандагон Ясмина Мавлонова (синфи 3, гимназияи №1, шаҳри Бӯстон) ва Амирҷон Сангинов узви маҳфили «Рассомон»-и Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд) ва дар бахши «Беҳтарин расм» хонандагон Муҳаммадҷони Фирдавс (синфи 5, литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд) ва Мухлиса Холмирзоева (синфи 8, гимназияи №1, ноҳияи Ашт) ғолиби озмун эълон гардиданд.

Ғолибон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Раҷабалӣ Сангов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш