Нашрияи Омӯзгор

Рисолати омӯзгор бузург аст

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад.

Воқеан, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва омода кардани кадрҳои баландихтисос шарти муҳими рушди ояндаи кишвар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо омӯзгорону ҷавонон оид ба таълиму тарбия, забондониву омӯзиши технологияи муосир дастуру супоришҳо доданд.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат вобаста ба тақвият бахшидани рушди илмҳои дақиқ ва ҳавасманд намудани хонандагон пешниҳод гардид, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор гардад, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.

Омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст аз сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд дорад. Дар шароити муосир дар бозори меҳнати  дохилӣ ва ҳам берунӣ, асосан хатмкунандагоне соҳиби ҷои кор мешаванд, ки дорои касбияти баланд,  донандаи технология ва  забонҳои хориҷӣ бошанд. Гузашта аз ин, маҳорати ташкилотчигӣ ва доштани малакаи муошират бо одамон шартҳои муҳими ба кор қабул гардидан ва комёбӣ дар зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати наврасону ҷавонон корҳои назаррасеро ба анҷом расонид. Дар ин радиф ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман», ки бо дастгириву роҳнамоии Пешвои миллат дар баланд бардоштани завқи наврасону ҷавонон ва умуман, оммаи мардум ба мутолиаи китоб ва донишомӯзӣ нақши назаррас гузошт.

Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  атрофи беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 аз ҷониби Пешвои миллат “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

Воқеан, пешрафти илмҳои дақиқ дастовардҳои назарраси илмиву техникӣ имконнопазир аст. Рушди соҳаи илму техника ва технология дар кишварҳои пешрафта собит намуд, ки танҳо бо шарофати пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ метавон ба натиҷаҳои баланди илмӣ соҳиб шуд. Аз ин рӯ, захираҳои бузурги зеризаминӣ ва гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар тақозо менамояд, ки илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ рушд намояд ва мутахассисони соҳибкасби ин соҳаҳо бо илму дониш ва дастовардҳои илмӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор гарданд.

Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбиятгари насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, амали арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва  кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд.

Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чи қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳад.

Имрӯз барои рушди соҳаи маориф ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони соҳибмаърифату соҳибкасб ва масъулиятшиносу ватандӯст ниёз дорад. Аз сафи омӯзгорон тоза намудани шахсони бесавод ва тасодуфӣ ва бо роҳи озмун ба кор қабул намудани омӯзгорон бисёр муҳим буда, он ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва омода кардани кадрҳои баландихтисос таъсири назаррас дорад. Оид ба ин масъала соле қабл Пешвои миллат ҳангоми суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуданд, ки дар шароити имрӯза омӯзгорон бояд мунтазам дониши худро такмил дода, дарсҳои поквиҷдонона ва дар сатҳи баланд ташкил намоянд. 

Ҷиҳати дигари рушди соҳаи маориф аз беҳтар гардидани шароити иҷтимоии омӯзгорон ва ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим мусоидат менамояд. Масъалаи дигаре, ки ба сифати таълиму тарбияи насли наврас вобаста мебошад, ин робитаи байни волидон бо омӯзгорон ва нақши падару модар дар раванди таълим мебошад. Маҳз бо ин мақсад чанд сол қабл дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Падару модарон бояд назоратчӣ набошанд, балки фарзандони худро тарбия кунанд ва барои ҳамчун инсони комил ба воя расонидани онҳо заҳмат кашанд. Ва ин корро танҳо ба зиммаи мактаб ва омӯзгор нагузошта, дар робитаи зич бо омӯзгорон барои тарбияи хуби фарзандон нақши муайянро иҷро намоянд.

 

Шуҳрат Саидзода,

устоди ДДҲБСТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш