Тахтаи интерактивӣ василаи кориест, ки бо он мисли ҳама чизи дигар кор карда тавонистан зарур мебошад. Азхудкунӣ ва омӯхтани он хеле одист: таъминоти барномавии ин гуна васила аксар вақт интерфейси беихтиёр фаҳмо дорад, ки ҳатто кӯдак метавонад онро идора кунад. Омӯзгоре, ки бо компютер хуб шинос аст, тахтаи интерактивиро зуд меомӯзад, зеро дар асл ин монитор-экрани калонҳаҷмест, ба компютер пайваст шудааст. Кор кардан дар он вобаста аз технология бо воситаи василаи хаткашии махсус ё бо ангуштон иҷро мегардад.
Дар тахтаҳои интерактивӣ манбаъҳои махсуси онлайн барои кумак ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ таҳия карда шудаанд. Масалан, китобхонаҳо барои хондани дарсҳо, ки дар онҳо матнҳо бо аниматсия ва садо гуселонида мешаванд. Коркардҳои сершуморе вуҷуд доранд, ки ба омӯзгорон имконияти истифодаи тахтаи интерактивиро барои манфиати хонандагони синну соли гуногун фароҳам меоваранд.
Тахтаи интерактивӣ на танҳо имкон медиҳад, ки маълумоти ба талабагон пешниҳодшударо тавсия бахшад, балки ба омӯзгорон низ имкон медиҳад, ки вақтро сарфакорона истифода баранд. Масалан, бо ёрии он тамоми синф якбора ба саволҳои махсуси хонандаи синфи якум ҷавоб дода метавонад: «Дар кадом саҳифа кушодан лозим аст? Аз куҷо бояд нависем?» ва ғайра. Баъди ба тахтаи интерактивӣ саҳифаҳои китоби дарсиро (сканер кардашуда ё бо ёрии ҳуҷҷат-навор ба тамошо гузоштан) баровардан мо метавонем ба тамоми синф минбаъд чӣ кор карданро шарҳ диҳем. Албатта, ин бузургтарин бартарии тахтаи интерактивӣ нест, вале маҳз чунин мисол нишон дода метавонад, ки бо ҳамин тарз кори омӯзгор сатҳи сифатноки навро ишғол менамояд.
Тахтаи интерактивӣ имконияти пурра намудани дарсро бо маводи ёрирасон, ки барои кӯдакон ҷолибанд, дорост.
Агар омӯзгор иҷрои супориши ҷолибро пешниҳод намояд, таваҷҷуҳ ба экрани бузурги сенсорӣ дар синф бештар мегардад. Маводи аёнӣ ва ҷолиб, бозиҳои интерактивӣ барои кӯдакон мақбуланд. Аз ин рӯ, истифодаи чунин маводҳо дар раванди дарс дар мактаб самаровар аст.
Шамъигул Алиева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр