Нашрияи Омӯзгор

Муколама  ба хотири таҳаммулпазирӣ ва сулҳ

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров онлайн-ҷаласаи аввалини лоиҳаи “Муколамаи бисёрҷонибаи сарҳадӣ ба хотири таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва ҳайати лоиҳа баргузор гардид.

Ёрдамчии аввали шуъбаи молия ва назорати ташкилотии байналхалқии фонди Конрод Аденауэра дар Берлин Малериус Штефан ҳозиринро бо мақсадҳои асосии лоиҳаи мазкур шинос намуд.

Малериус Штефан қайд намуд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, дар бораи аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ бо мақсади пешгирӣ намудани рафтори номатлуб, радикализм, дастгирии шаклҳои гуногуни муколамаи байнисарҳадӣ ва байнисоҳавӣ дар минтақаҳои наздиcaрҳaдии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон чун максадҳои асосии лоиҳа ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда ташкили Маркази таҳаммулпазирӣ, таҷҳизонидани утоқи корӣ бо техника, китоб ва дастурамалҳои таълимӣ, таҳияи дастурамали таълимӣ оид ба омӯзиши дарси таҳаммулпазирӣ барои донишҷӯён ва хонандагони мактаб бо иштироки мутахассисони донишгоҳ, гузаронидани омӯзишҳо бо омӯзгорони донишгоҳ, донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои миёна оид ба мавзӯи таҳаммулпазирӣ дар назар аст.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш